Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАВИДИ ТОЗА АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД»!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Ба истиқболи ҷашни фархундаи 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китоби арзишманди «Сад барги заррин» аз чоп баромад. Ин маҷмуа ҳамчун ойинаи таъриху тамаддуни куҳан, бозгӯкунандаи мероси гаронбаҳои миллӣ ва муаррифгари дастовардҳои фарҳангии мардуми тоҷик таҳия гардидааст.
Дар саҳифаҳои китоб муҳимтарин нигораҳо, ёдгориҳои таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маълумоти муҳими илмӣ вобаста ба таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гирдоварӣ шуда, нақши осорхона дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси моддиву маънавии миллат инъикоси шоиста ёфтааст.
«Сад барги заррин» туҳфаи арзандаи фарҳангӣ ба муносибати ин санаи муҳим буда, барои муҳаққиқон, донишмандон, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ аҳаммияти вижа дорад.
Нашри ин китоб қадами муҳим дар роҳи посдорӣ ва муаррифии таърихи пурғановати тоҷикон маҳсуб ёфта, саҳми Осорхонаи таърихии вилояти Суғдро дар рушди илму фарҳанг боз ҳам равшантар менамояд.
 
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАВИДИ ТОЗА АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД»!
Scroll to Top