Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Садои шашмақом ва ҷамъбасти “Ушшоқи Раҳмонӣ”дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаҳои 10-12 майи соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, фестивал – озмуни байналмиллаии шашмақомхонон, таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ” баргузор гардид.

Ин чорабинии фарҳангӣ ҳамасола санаи 12 май ба Рӯзи шашмақом бахшида шуда, дар саросари кишвари Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин мероси гаронбаҳо имрӯз ҳамчун яке аз арзишмандтарин намунаҳои фарҳанги миллӣ ва шоҳасари маънавии башарият эътироф гардидааст. Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи давлати Тоҷикистон, он ба феҳрести мероси ғайримоддии фарҳанги инсоният ЮНЕСКО ворид гардида, мақоми байналмилалиро касб намудааст.

Зикр намуд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва рушди Шашмақом тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Рӯзи Шашмақом таъсис ёфтааст, ки фаъолияти мақомхонон дар ин санъати нотакрори асил дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю эътибори хоса пайдо намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал- озмун эҳё ва рушди суннатҳои мусиқии классикии тоҷик, махсусан санъати беназири шашмақом, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии байни давлатҳо, инчунин шиносоии насли ҷавон бо мероси гаронбаҳои мусиқии шарқӣ арзёбӣ мегардад.

Дар чорабинӣ ҳунармандони варзидаи шашмақомхонон, устодони санъат, мусиқишиносони шинохта ва намояндагони соҳаи фарҳанг , аз ҷумла Фаронса, Озарбойҷон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок варзиданд. Меҳмонони хориҷӣ бо барномаҳои рангини ҳунарии худ анъанаҳои қадима ва фарҳанги мусиқии миллии кишварҳои хешро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд. Сурудҳо, оҳангҳо ва рақсу навоҳои онҳо ба фазои чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, шоми қалъаи таърихиро боз ҳам хотирмонтар гардониданд. Ин барномаҳои нотакрори фарҳангӣ на танҳо барои ҳозирин лаҳзаҳои фараҳбахш эҳдо карданд, балки муҳити дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байни миллатҳоро бо ҳам наздиктар овард.

Қобили зикр аст, ки дар тӯли се рӯз дар толорҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанд конфронсҳои илмӣ, намоишҳои ҳунарӣ, маҳфилҳои илмӣ- амалӣ ва иҷрои порчаҳои классикии шашмақом баргузор гардиданд, ки аз ҷониби мухлисони санъат бо шавқу завқи зиёд истиқбол ёфтаанд.

Бале, санъати волои шашмақом, ки ганҷинаи бебаҳои фарҳанги тоҷикон ба шумор меравад, дар тӯли асрҳо бо садои дилнишин ва ҳунари нотакрори устодони бузург аз насл ба насл мерос мондааст. Ин мероси гаронбаҳоро ҳунармандони номдор чун Содирхон Ҳофиз, Барно Исҳоқова, Борис Наматиев, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Муродов ва даҳҳо устодони дигар бо маҳорати баланд ҳифз ва муаррифӣ намуданд.

Метавон гуфт, ки овози сеҳрофарини сабки хоси иҷро ва эҳсоси ин ҳунармандони шинохта, шашмақомро на танҳо дар миёни мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардониданд. Ин санъати нодир тавассути анъанаи “устод ва шогирд”-ро то ба рӯзгори мо расониданд, ки ҳар як байти шашмақом аз муҳаббат, вафо ва ҳикмати зиндагӣ қиссаҳо мекунад.

Тазаккур дошт, ки маросими ҷамъбасти тантанавии фестивал- озмуни байналмилалии шашмақом таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ”, шоми санаи 12 майи соли ҷорӣ, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”бо иштироки раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён ва муҳаққиқи маъруфи фаронсавӣ Жан Дюринг, инчунин намояндагони аҳли фарҳанг, ҳунармандон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ, дар фазои бошукуҳу хотирмон баргузор гардид. Чорабинӣ дар зери осмони софи пур аз ситораҳои дурахшон ва муҳити орому фараҳбахш ҷараён гирифта, теъдоди зиёди сокинон, ҳунармандон, устодони варзидаи санъат, донишҷӯёну омӯзгорон ва дӯстдорону мухлисони мусиқии классикиро ба ҳам ҷамъ овард. Дар ҷараёни маҳфил ҳунари волои иштирокдорон, садои дилнишини мақомсароён ва навои асбобҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои маънавиро боз ҳам ғанитар гардонид. Ин шоми фарҳангӣ на танҳо анҷомбахши тантанавии фестивал – озмуни байналмилалии шашмақомхонон буд, балки ба як ҷашни ҳақиқии арҷгузорӣ ба санъати баланди мероси гаронбаҳои ниёгон табдил ёфт. Навою оҳангҳои дилфиреби шашмақом, ки аз умқи таърих сарчашма мегиранд, дар қалби ҳозирин эҳсоси гарми маънавӣ, муҳаббат ба фарҳанги миллии асилро бедор намуданд. Садои ҷаззобу форами мақомсароён созҳои миллӣ ба руҳу илҳоми мухлисон таъсир расонида, гӯё қалбҳоро аз оби мусаффои шашмақом сероб гардонид. Ҳар таронаву оҳанг фазои маҳфилро пур аз эҳсоси самимият, оромиш ва шукуҳи фарҳангӣ намуда, дар хотири иштирокдорон таассуроти неки фаромӯшнопазир боқӣ гузошт.

Намояндагони соҳаи фарҳанг ва мутахассисони санъати классикӣ баргузории чунин чорабиниҳоро қадами муҳим дар роҳи рушди фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии ҳунармандон ва муаррифии санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карданд. Фестивал- озмуни “Ушшоқи Раҳмонӣ” бори дигар собит сохт, ки шашмақом ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги тоҷикӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи хос дошта, ҳамчун василаи муколамаи фарҳанги хизмат менамояд. Меҳмонон аз сатҳи баланди баргузории чунин фестивал- озмуни байналмиллалӣ ва ҳифзи рушди санъати классикии тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти маросими хотимавӣ ҳайати ҳакамон беҳтарин ҳунармандонро муайян намуда ба ғолибон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла мукофотҳои пулӣ тақдим намуданд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСадои шашмақом ва ҷамъбасти “Ушшоқи Раҳмонӣ”дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top