Санаи 9 майи соли 2026 бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 81-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барномаи бошукуҳи фарҳангӣ – консертӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, Сергей Василович Ланкин, намояндагони қишри ҷомеаи гуногунзабон, донишҷӯён, хонандагони мактаби русӣ- тоҷикии ба номи Антон Павлович Чехов, инчунин хонандагони мактаб- гимназияи “Гёте!- шаҳри Хуҷанд, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни ҷангҳои интернатсионалӣ, ҳунармандони соҳаи санъат ва намояндагони воситаи ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамоиши идона бо як дақиқаи хомӯшӣ ба хотири гиромидошти қурбониён ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Сипас, Консули генералии Федератсияи Русия Сергей Василович Ланкин ҳозиринро ба муносибати ҷашни мубораки Рӯзи Ғалаба самимона табрик намуда ба аҳамияти дӯстии халқҳо, ҳамкорӣ ва эҳтироми таърихи миёни мардумон истодагарӣ намуд.
Барномаи консертӣ аз суруду таронаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баромадҳои ҳунарии ҷавонон ва саҳнаҳои хотиравӣ иборат буда, фазои идона ва эҳсоси ватандӯстиро дар миёни иштирокчиён бештар намуд. Меҳмонон бо эҳтиром ва қадрдонӣ аз корномаҳои қаҳрамонони ҷанг ёдовар шуда, хотираи шаҳидонро гиромӣ доштанд. Ҳамчунин барои иштирокчиён “Ошхонаи саҳроӣ” ташкил гардида, таомҳои маъмулм даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешкаш карда шуданд, ки таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ретро- автомобилҳои даврони шуравӣ низ баргузор гардид. Дар намоиш автомобилҳои нодири маъруфи замони шӯравӣ, аз ҷумла ГАЗ-21, Победа, Москвич- 408, ВАЗ 2101, ВАЗ 2103, мотосикли “Урал” ва дигар намунаҳо ба маъраз гузошта шуданд, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Барномаи чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, барои ҳозирин хотироти нек ва таассуроти гарму самимӣ боқӣ гузошт.









Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”