Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тӯли як аср ҳамчун маркази муҳими ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳанги халқи тоҷик фаъолият намуда, имрӯз ба истиқболи 100-солагии худ омодагӣ мебинад. Дар ин раванди пуршараф, нақши шӯъбаи кадрҳо ҳамчун пояи асосии ташкили захираҳои инсонӣ ва рушди касбии коромандон ниҳоят муҳим мебошад.
Дар ҳар як муассиса пешрафт, муваффақият ва натиҷаҳои назаррас пеш аз ҳама ба фаъолияти дуруст ба роҳ монда шудаи захираҳои инсонӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ шӯъбаи кадрҳо ҳамчун яке аз бахшҳои муҳиму калиди сохтори идоракунӣ дар ташаккул, танзим ва рушди фаъолияти меҳнатии кормандон нақши бузург дорад. Шӯъбаи кадрҳо на танҳо ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати фаъолияти кормандонро ба роҳ мемонад, балки барои таҳкими муҳити солими меҳнатӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ, ҷалби мутахассисони варзида ва рушди иқтидори инсонӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” низ шӯъбаи кадрҳо яке аз бахшҳои фаъол ва муҳим ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи низоми меҳнат ба роҳ мондааст. Самти фаъолияти шӯъба бисёрҷанба буда, тамоми масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кормандонро дар бар мегирад. Аз ҷумла қабули кормандон ба ҷалби кор, таҳияи фармоишҳо, пешбурди паравандаҳои шахсӣ, назорати риояи интизоми меҳнат, омодасозии ҳуҷҷатҳои меҳнатӣ, ташкил ва танзими фаъолияти кадрӣ, ба роҳ мондани бозомӯзӣ ва ташкили ихтисоси кормандон аз вазифаҳои асосии шӯъба маҳсуб меёбанд.
Имрӯз дар муасиса зиёда аз 150-нафар кормандон фаъолият мебаранд, ки ҳар яке бомасъулият ва меҳнати содиқона дар рушду пешрафти муассиса саҳм мегузоранд. Ҳайати кормандон аз рӯи маълумот гуногун буда, дорои маълумоти олӣ, олии тахассусӣ, миёнаи махсус ва миёна мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки дар муассиса ба масъалаи ҷалби кадрҳои соҳибкасб, баланд бардоштани сатҳо дониш ва таҷрибаи кормандон диққати махсус дода мешавад. Маҳз ҳамин нерӯи инсонӣ боис гардида аст, ки муассиса дар самти ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Шӯъбаи кадрҳо барои ташкили муҳити мусоиди меҳнатӣ ва ташкили муносибатҳои дӯстона байни кормандон пайваста талош менамояд. Бо ташаббуси шӯъба кормандон ба курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, барои баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, шӯъба дар самти омодасозии кадрҳои ҷавон ва таҷрибаомӯзон фаъолити назаррас дошта, ҳамкориҳоро бо донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳр тақвият мебахшад. Дар рушду ташаккули фаъолияти шӯъбаи кадрҳо саҳми шахсони соҳибтаҷриба ва меҳнатдӯст басо назаррас мебошад. Аз ҷумла нозири кадрҳои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Муйдинова Зебо аз соли 2006 то 2024 фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди фаъолияти кадрӣ ва танзими ҳуҷҷатгузорӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Соли 2015 бо қарори Раиси вилояти Суғд таҳти № 190 аз 13-уми апрели соли 2015 МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуда, ташкили воҳиди кории сардори шӯъбаи кадрҳо ба ҷадвали корбаст ворид карда шуд. Худи ҳамон сол сардори шӯъбаи кадрҳо Самадова Дилором таъин гардида, то соли 2024 фаъолияти босамар намудааст.
Айни замон роҳбарии шӯъбаи кадр камина - Яҳёева Дилрабо ба зимма дошта, дар якҷоягӣ бо нозири шӯъбаи кадр Ҳакимова Латофатхон фаъолияти худро баҳри рушди муаасиса идома медиҳанд.
Шӯъбаи кадрҳо ҳамчун пояи устувори рушди муассиса дар ташаккули ҳайати соҳибтахассус, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва таҳкими солими меҳнатӣ нақши калиди дорад. Маҳз фаъолияти самараноки ин шӯъба боис мегардад, ки муассиса ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, фаъолияти он мунтазам рушд ёбад.
Шӯъбаи кадрҳо баҳри пешбурди муассиса бояд ба интихоби дурусти карҳои лаёқатманд, баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандон, ҷалби ҷавони соҳибистеъдод, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, инчунин таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ диҳад. Ҳамзамон қадршиносии меҳнати кормандон, риояи интизоми меҳнат ва фароҳам овардани фазои дӯстонаву созанда ва омилҳои муҳими пешрафти ҳар як муаасиса ба ҳисоб меравад.
Бо итминон метавон гуфт, ки шӯъбаи кадрҳо нерӯи пешбарандаи фаъолияти муассиса буда,барои рушду нумӯи минбаъдаи он саҳми арзишманд мегузорад.

Яҳёева Дилрабо - сардори шӯъбаи кадрҳои
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”