Санаи 08 майи соли 2026 дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ( солҳои 1941 – 1945), воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 81 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамоиши бошукуҳи хотиравӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони воломақоми давлатӣ, меҳмонони расмӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуда ба он шукуҳу шаҳомати хос бахшиданд. Аз ҷумла, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Фирдавс Шарифзода ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун, намояндагони корпуси дипломатӣ, аз ҷумла Консулгари генералии Федератсияи Русия Сергей Василович Ланкин иштирок карданд. Иштироки меҳмонони хориҷӣ ва намояндагони байналмилалӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда аз густариши ҳамкориҳои дӯстона ва фарҳангӣ шаҳодат медод.
Дар чорабинӣ инчунин афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, собиқадорони меҳнат ва ақибгоҳ, устодону аҳли зиё, донишҷӯёну ҷавонон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин васоти ахбори омма фаъолона ширкат варзиданд. Намояндагони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ бо иштироки худ ба баргузории сатҳи баланди чорабинӣ саҳм гузоштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида , ҳозирин бо як дақиқаи сукути хомӯшӣ хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд. Сипас иштирокчиён ба пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар ва гулҳои тару тоза гузошта, ба ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои Ватан арҷ гузоштанд.
Баъдан сухан ба раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дода шуд. Ӯ зимнм баромади худ аҳамияти бузурги баргузории чорабиниро таъкид намуда, иброз дошт, ки чунин ҳамоишҳо дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо нақши муҳим доранд. Ӯ зикр кард, ки мардуми Тоҷикистон ҳамеша ба сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ арҷ мегузоранд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо дастгириву сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорон, ҳомиёни Ватан ва тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар идомаи суханронӣ ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ барои иштироки фаъолона, саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ изҳори сипосу қадрдонӣ баён карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ бо либосҳои расмӣ ва дар фазои тантанавӣ таҳти навои мусиқии ҳарбӣ саф ороста буданд, ки қадамҳои устувор, интизоми намунавӣ ва эҳтироми хосаи хизматчиёни ҳарбӣ ба чорабини шаҳомати тоза бахшид. Навои мусиқии ҳарбӣ дар фазо танинандоз гардида, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таърихи пуршарафи миллат ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони Ватанро дар қалби сокинону иштирокчиён боз ҳам қавитар намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи шаҳидон, арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи собиқадорон ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар аз арзишҳои муқаддасу муҳими ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд. Зикр шуд, ки пос доштани чунин арзишҳо дар қалби ҷавонон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиносиро тақвият бахшида, онҳоро ба ҳифзи истиқлолу оромии Ватан раҳнамоӣ месозад.






Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”