Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қалъа бедор аст, зеро посбонон бедоранд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар асл, Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз рамзҳои муҳими таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ёдгории қадимӣ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, на танҳо макони ҷалби сайёҳон, балки нишонаи ифтихори миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон мебошад. Дар пасманзараи ин макони бошукуҳ, фаъолияти шабонарӯзии посбонони қалъа нақши муҳим дорад.

Посбонони қалъаи таърихӣ, ки бо масъулияти баланд кору фаъолият мебаранд, шабу рӯз ба ҳифзи амният ва тартибот машғул ҳастанд. Онҳо на танҳо воридшавӣ ва баромади меҳмононро назорат мекунанд, балки ҳамзамон аз осеб дидани биноҳои маҷмаа, чароғонкунии шабонарӯзӣ, ҳифзи ёдгориҳо ва дигар ҷузъҳои таърихиро пешгирӣ менамоянд. Ин масъулият, махсусан дар шаб, вақте ки ҳаракати сокинон кам мешавад, боз ҳам муҳимтар мегардад.

Фаъолияти посбонон бо навбатдории дақиқ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як корманд вазифаи худро тибқи реҷаи муайян иҷро мекунад. Даврзании мунтазам дар ҳудуди қалъа, назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шудааст. Ин низом имкон медиҳад, ки ҳатто хурдтарин ҳолатҳои шубҳанок сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шаванд.

Албатта, метавон гуфт, ки дар қатори дигар посбонони содиқу масъулиятшиноси муассисаи мазкур чун Ғафуров Зайниддин, Раҳматов Раҳим ва Зоидов Абдуазиз фаъолият доранд. Ин афрод бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ ҳар рӯз ва ҳар шаб дар хизмати мардум қарор доранд. Онҳо, сарфи назар аз шароити гуногуни обуҳаво ва душвориҳои кор бо садоқат вазифаи худро иҷро намуда, барои амният ва ҳифзи ёдгории бостонӣ саҳми арзанда мегузоранд.Ҳар яки онҳо таҷрибаи кории худро доранд ва бо ҳамкории зич байни ҳамдигар муҳити бехатариро таъмин мекунанд. Маҳз чунин кормандони хоксору заҳматкашанд, ки фаъолияти шабонарӯзии посбонӣ, маҷмааи таърихию фарҳангӣ ҳамеша зери назорати ҷиддӣ қарор мегирад.

Дар баробари вазифаҳои амниятӣ, посбонон баъзан нақши роҳбаладро низ иҷро мекунанд. Онҳо ба меҳмонон маълумоти мухтасар дар бораи таърихи қалъа ё ҷойгиршавии ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, маъмурият, меҳмононхона ва дигаре роҳандозӣ мекунанд. Ин гуна муносибат ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки кори посбон танҳо назорат нест. Ин хизматест, ки ба тозагии муҳити зист, риоя намудани оромӣ, ҳушёрӣ ва эҳсоси баланди масъулиятро талаб мекунад.

Ҳамин тавр, фаъолияти посбонони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” як ҷузъи муҳими ҳифзи мероси таърихӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад. Бо талошҳои онҳо ин ёдгории беназир ҳамоно пойдор монда, муассисаи фарҳангӣ ҳамеша зери назоратӣ ҷиддӣ қарор дорад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚалъа бедор аст, зеро посбонон бедоранд
Scroll to Top