Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ошноӣ бо мероси таърихӣ ташаббуси навбатии Коллеҷи омӯзгорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 30 апрели соли 2026 бо ташаббуси Рухсора Давлатзода, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров як сафари маърифатӣ ва омӯзишӣ барои донишҷӯён баргузор гардид.

Дар доираи ин ташаббус, донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми ихтисоси биология, ҳамроҳ бо омӯзгорони ботаҷрибаи кафедраи фанҳои табиӣ, Охунова Муҳаббат ва Рустамова Зебо ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд.

Ҳадафи асосии ин боздид густариши ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихию фарҳангӣ ва пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ буд. Зимни боздид донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки бо мероси бойи таърихии халқи тоҷик, осори нодири бостоншиносӣ, нигораҳои этнографӣ ва намунаҳои гуногуни табиӣ аз наздик шинос шаванд.

Роҳбалади осорхонаи таърихи Шовазир Муродҷони бо маҳорати баланди илмӣ ва суханрониҳои ҷолиб донишҷӯёнро аз як толор ба толори дигар раҳнамоӣ намуда, ба онҳо маълумоти муфассал дар бораи ҳар як намоишгоҳ истодагарӣ намуд. Ӯ махсусан ба аҳамияти нигаҳдории мероси фарҳангӣ ва омӯзиши таърихии миллат таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки ин барои донишҷӯён хеле таъсирбахш буд. Дар рафти сайёҳат донишҷӯён бо бахшҳои гуногуни осорхона, аз ҷумла давраҳои қадим, асрҳои миёна ва замони муосир шинос гардиданд. Омӯзгорон низ аз ин иқдом изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки чунин чорабиниҳо дар такмили дониш, рушди тафаккури илмӣ ва тарбияи ҳисси худшиносӣ дар байни ҷавонон нақши муҳим мебозанд.

Дар маҷмуъ, ин боздид барои донишҷӯён як таҷрибаи ғанӣ ва хотирмон гардида,онҳоро ба омӯзиши амиқтари илм ва таърих ҳавасманд гардонид. Ин гуна ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки ҳамгироии таълим бо муҳити фарҳангӣ метавонад, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавононро ба марҳилаи нав бардорад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООшноӣ бо мероси таърихӣ ташаббуси навбатии Коллеҷи омӯзгорӣ
Scroll to Top