Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷодуи алафқимакунак - ёдгории нодири ҳунари мардумӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки ҳар гӯшаи он аз таърихи пурғановати миллати тоҷик дарак медиҳад, осори нодири зиндагии гузаштагон то имрӯз ҳифз гардиданд. Яке аз чунин ёдгориҳои ҷолиб ин ҷодуи алафқимакунак буда, беш аз сад сол қабл аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ сохта шудааст, ки имрӯз дар ҳудуди ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, таҳти рақами № 5196 - қайди давлатии моликияти фонди осорхонаи таърихӣ буда, ба намоиш гузошта шудааст. Ҷоду аз оҳан ва чӯб сохта шуда, шакли росткунҷа дар байни танаш кунда ҷойгир аст, ки он аз дастаки фузулии дандонаҳои оҳанӣ иборат мебошад. Дар мобайни танаи кунда ду оҳани росткунҷа ба ҳам ҷафс пайвастшуда, дар қисмати болояш якчанд адад дандонаҳои фузулӣ дорад. Ин асбоби оддӣ, вале пурқимат буда, аз таърихи меҳнату рӯзгории мардуми гузашта ҳикоят мекунад.

Бале, ин ҷодуи алафқимакунак на танҳо як асбоби оддии хоҷагидорӣ, балки нишонаи равшани тарзи зиндагии гузаштагони миллати тоҷик мебошад. Дар замонҳое, ки техникаи муосир ҳанӯз ба деҳоту қишолоқ ҷойҳои минтақа ворид нашуда буд, чунин таҷҳизот дар ҳар як ҳавлӣ мавқеи муҳим дошт. Бо ёрии он алафро барои ҳайвоноти хонагӣ майда мекарданд, ки ин барои таъмини ғизои зимистонаи чорво аҳамияти калон дошт.

Раванди сохтани чунин алафқимакунак маҳорат ва таҷрибаи зиёдро талаб мекунад. Устоҳои моҳир аввал чӯбро ба шакли мувофиқ метарошиданд, сипас қисми оҳаниро дар оташ тафсонида онро шакл медиҳанд ва тез мекунанд. Дар охир ҳамаи қисмҳоро бо диққат васл карда мешаванд, то ки асбоб ҳам қулай ва ҳам бехатар бошад. Ин гуна асбобҳо на танҳо барои истифодаи рӯзмарра муҳим будааст, ки чӣ гуна мардум бо истифода аз захираҳои маҳаллӣ ва донишҳои анъанавӣ асбобҳои муфид месохтаанд. Ҳунармандони мардумӣ бо маҳорати баланд тавонистанд, механизми одӣ, вале самаранокро эҷод намоянд, ки то имрӯз қобилияти кории худро нигоҳ медорад.

Қобили зикр аст. ки ҷодуи қадима дар намунаи ҳавлии тоҷири сарватманди ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанд ҷойгир карда шудааст. Он замон ин гуна таҷҳизот на танҳо барои истифодаи шахсӣ, балки ҳамчун нишонаи дороӣ ва имкониятҳои иқтисодии соҳибхона низ ба ҳисоб мерафт. Лек, бо гузашти солҳо ва тағйир ёфтани тарзи зиндагии мардум, чунин асбобҳо тадриҷан аз истифода баромаданд. Бо вуҷуди ин аҳамияти таърихии онҳо аз байн нарафтааст, ки илова бар ин, имрӯз ин ҷоду барои меҳмонон, сайёҳон ва дӯстдорони таърих аҳамияти махсус дорад. Он на танҳо як ашёи намоишӣ, балки шоҳиди хомӯшии даврони гузашта аст, ки дар бораи иқтисодиёти хонаводагӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи зиндагии сокинони минтақаи кишвар маълумоти таърихӣ медиҳад. Ӯ аз қиссаҳои зиндагии мардуми меҳнаткаш, эҷодкорӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити муҳит нақл мекунад.

Имрӯз ҷодуи алафқимакунак ҳамчун як ҷузъи намоишгоҳи доимии диққати меҳмононро ба худ ҷалб мекунад. Бисёре аз тамошобинон бо ҳайрат ба соддагӣ ва ҳамзамон самаранокии ин асбоб менигаранд ва акси хотирот мебардоранд. Барои наврасону ҷавонон бошад, он як саҳифаи дарси зиндаи таърих аст, ки зиндагии гузаштагон чӣ гуна будааст.

Дар маҷмуъ, ки намоиши чунин ёдгории нодир ба фаъолияти пурсамари Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар назди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” амал мекунад, иртиботи мустақим дорад. Ин муассисаи фарҳангӣ тайи як аср дар самти ҳифз, ҷамъоварӣ ва муаррифии мероси таърихии халқи тоҷик хизматҳои шоиста анҷом додааст.

Таҷлили ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, рӯйдоди муҳим дар ҳаёти таърихию фарҳангии Хуҷанд ва умуман дар кишвари Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин давра осорхонаи таърихӣ тавонист ҳазорҳо маводу нигораҳои таърихиро гирдоварӣ ва ҳифз намояд, ки ҳар яке қиссаи хоси худро доранд. Ҷодуи алафқимакунак низ яке аз ҳамин гуна ашёҳост, ки на танҳо арзиши моддӣ, балки аҳамияти бузурги маънавию таърихӣ дорад. Имрӯз дар партави ин ҷашни фархунда, таваҷҷуҳ ба чунин ёдгориҳо боз ҳам бештар мегарданд. Онҳо ҳамчун риштаи пайвасткунандаи таърихи гузашта ва имрӯз хизмат намуда, ба наслҳои ҷавон аз таърихи пурифтихори миллат ёдрас мекунанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶодуи алафқимакунак - ёдгории нодири ҳунари мардумӣ
Scroll to Top