Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зебоии либоси тоҷикӣ дар фазои фарҳанг

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 29 апрели соли 2026 бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аксияи фарҳангиву маърифатӣ, таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем”, бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ занону духтарон, донишҷӯён, фаъолзанон, шахсони масъули соҳаи фарҳанг ва намояндагони васоити ахбори омма фаъолона иштирок намуда, бо либосҳои миллӣ ва анъанавии тоҷикӣ ҳусни тозае ба муҳити фарҳангӣ бахшиданд.

Ҳадафи асосии аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ин пеш аз ҳама тарғиби либоси миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ миёни занону духтарон арзёбӣ гардид. Барномаи чорабинӣ дар фазои зебову дилнишини боғи истироҳати сурат гирифта, ҳар гӯшаи он ба як саҳнаи фарҳангӣ табдил ёфта буд. Манзараҳои дилфиреби шаршараҳои сунъии обӣ, гулу гулгаштҳои пурҳаловат ва товуси хиромон ва дар зери сояи дарахтони маҷнунбед, иштирокчиён бо навбат порчаҳо аз асари безаволи “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсиро қироат намуда, муҳити маънавии чорабиниро боз ҳам ҷаззобтар гардониданд.

Ин иқдом на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки як минбари муаррифии ҳувияти миллӣ ва гиромидошти арзишҳои таърихиву адабии миллати тоҷик арзёбӣ шуда, миёни иштирокчиён руҳияи баланди худшиносиро боз ҳам таҳкими нав бахшид.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗебоии либоси тоҷикӣ дар фазои фарҳанг
Scroll to Top