Санаи 25 апрели соли 2026, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, як чорабинии бузургӣ варзишӣ “дави Гагаринӣ”(Гагаринский забег) баргузор гардид.
Ин иқдоми нави клуби дӯстдорони дави DAV. TJ дар шаҳри Хуҷанд, бо роҳбарии мутасаддии чорабинӣ Юлдош Юлдошев ба рушди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби сокинон ба варзиш роҳандозӣ шудааст. Клуб на танҳо як гуруҳи дӯстдорони дав, балки як муҳити фаъолу ҳавасмандкунанда барои ҳар нафаре мебошад, ки мехоҳад саломатии худро беҳтар намояд ва одатҳои хуби рӯзмарраро дар зиндагии худ ҷорӣ созад. Тайи чанд соли охир аъзоёни клуб мунтазам машқҳо, давҳои саҳарӣ ва чорабиниҳои варзиширо ташкил мекунанд. Онҳо ҳамчун дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро сайқал медиҳанд ва парчами Тоҷикистонро дар сатҳи дӯстдорони дав баланд мебардоранд. Иштироки онҳо дар чунин мусобиқаҳо на танҳо таҷрибаи варзиширо ғанӣ мегардонад, балки барои муаррифии фарҳанги варзиши кишвар низ саҳми муҳим мегузорад. Яке аз ҳадафҳои асосии клуб ин баланд бардоштани маърифати ҷомеа оид ба аҳамияти дав ва умуман тарзи ҳаёти солим мебошад. Бо ташкили давҳои оммавӣ, марафонҳо ва барномаҳои омӯзишӣ клуб мекӯшад, ки ҷавонон ва калонсолонро ба ҳаракат ва фаъолият ҷалб намояд. Ин гуна ташаббусҳо ба коҳиши бемориҳо, беҳтар шудани ҳолати равонӣ ва таҳкими иродаи инсон мусоидат мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин чорабинии варзишӣ хонандагони муассисаҳои таълимии гуногун, аз ҷумла мактабҳои ғайридавлатии “Аркон”, мактаби русӣ- тоҷикии ба номи Чехов.А.П., литсей – гимназияи ба номи Осимӣ, мактаби № 8 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби № 4 – и шаҳри Хуҷанд ва инчунин аъзоёни клуби “Каратэ”- и шаҳри Хуҷанд, васоити ахбори омма низ фаъолона иштирок намуданд.
Дар саҳнаи майдончаи варзишӣ аз ҳаёт ва фаъолияти летчик – кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин омода гардида, пешкаши тамошобинон карда шуд. Дар ин гӯша маълумотҳо оид ба зиндагиномаи қадамҳои аввалини фаъолияти касбӣ, инчунин дастовардҳои бузурги ӯ дар соҳаи кайҳоннавардӣ ба таври ҷолиб пешниҳод гардида буданд.Тамошобинон имкон доштанд бо маводҳои намоишӣ шинос шуда, дар бораи саҳми ӯ дар рушди илми кайҳон бештар маълумот гиранд. Ҳамин тавр, клуби дӯстдорони дав дар шаҳри Хуҷанд, ба як нерӯи мусбат табдил ёфтааст. Дар оғози маросими чорабинӣ Лангин Сергей Василович - консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, ҳамаи интирокчиёнро самимона табрик намуд. Инчунин намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, Бахтиёр Исматзода ва Иброҳим Иброҳимов - омири кулли МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” низ суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниро ба ҳамаи иштирокчиён табрик гуфта, ба фаъолияти клуби дӯстдорони дав дар оянда барору комёбиҳои бештар орзу намуданд.ки на танҳо варзишро тарғиб мекунад, балки ҷомеаро ба зиндагии солим, фаъол ва пурэнергия раҳнамоӣ менамояд.
Илова бар ин, метавон таъкид кард, ки чунин иқдоми варзишӣ бори аввал дар шаҳри Хуҷанд, дар фазои ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва эҳтироми байни халқҳо баргузор мегардад. Ин чорабинӣ на танҳо як мусобиқаи одии варзишӣ, балки як майдони муттаҳидкунандаи мардумони гуногунмиллат ва гуногунфарҳанг мебошад, ки ҳамаро бо як ҳадафи муштарак гирди ҳам сарҷамъ меорад. Дар чунин муҳит иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки на танҳо маҳорати варзишии худро нишон медиҳад, балки бо намояндагони дигар кишварҳо шинос шуда, таҷриба ва фарҳанги худро мубодила намояд. Гузашта аз ин баргузории чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд нишон медиҳад, ки шаҳр ба як маркази муҳими варзишӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст. Бале, он ба анъанаҳои нави ҷаҳонии варзиши дав пайваст мешавад, ки ҳамасола дар “шаҳри ситораҳо”- и (звездный городок) вилояти Москва баргузор мегардад ва рамзи ирода, ваҳдат ва пешрафт маҳсуб меёбад.
Қайд кард, ки имсол ин дави байналмиллаӣ ба муносибати яке аз рӯйдодҳои бузург дар таърихи инсоният, аввалин парвози инсон ба кайҳон, ки 65 сол ( 12 апрели соли 1961) пеш ба вуқуъ пайваст ва онро летчик – кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин анҷом дода буд, бахшида мешавад. Ин санаи хотирмон на танҳо ёди дастовардҳои илмиву дониш, балки рамзи ҷасорат, пешрафт ва орзуҳои бузурги инсоният мебошад.
Чорабинии мазкур дар шакли муосир ва ҷолиб баргузор шуда, бо вақти муайяншуда тавассути пайвасти онлайн ва видеосабт миёни “шаҳри ситораҳо”-и вилояти Москва ва шаҳри Хуҷанд иртиботи мустақим барқарор гардид. Изҳор намуд, ки ин ҳамкорӣ фазои ягонаи варзишӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд оварда, ду кишварро дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамкорӣ муттаҳид месозад.
Хотиррасон намуд, ки барои иштирокчиён масофаҳои гуногун ба 5 км - барои варзишгарон ва дӯстдорони дав, 1 км - барои иштирокчиёни оммавӣ ва 300 метр - барои кӯдакон, ҳамчун рамзи насли нав ва ояндаи солим пешбинӣ шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки “дави Гагаринӣ” бо дастгирии Вазорати варзиши вилояти Москваи Федератсияи Русия, Маъмурияти “шаҳри ситораҳо”-и вилояти Москва, Сафорати генералии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, ба як рӯйдоди муҳими варзишӣ ва дӯстии байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҷолиби зикр аст, ки “дави Гагаринӣ”дар шаҳри Хуҷанд, на танҳо як чорабинии одии варзишӣ, балки падидаи муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад. Он имрӯз ба рамзи равшани ҳамбастагии байналмилалӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳо табдил ёфтааст. Ин иқдом на танҳо тарзи ҳаёти солим ва руҳияи варзиширо тарғиб мекунад, балки ҳамзамон робитаҳои дӯстона ва ҳамкории фарҳангиву варзишии байни кишварҳоро таҳким мебахшад ва барои рушди минбаъдаи чунин ташаббусҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин иқдом шаҳри Хуҷандро бо “шаҳри ситораҳо”-и вилояти Москва, дар фазои ягонаи илҳомбахш мепайвандад ва собит месозад, ки варзиш қодир аст, марзҳоро барҳам зада, мухлисон ва дӯстдорони давро дар атрофи арзишҳои умумиинсонӣ муттаҳид намояд. Гузашта аз ин баргузории чунин чорабинӣ он метавонад, дар оянда барои ҷалби сайёҳон, варзишгарон ва сармоягузарон низ замина фароҳам оварад.
Ин чорабинии варзишӣ мардумро ба зиндагии солиму фаъол, руҳияи устувор ва пешрафти пайваста илҳом мебахшад. Он ба мо ёдрас мекунад, ки инсон бо ҷасорат, матонат ва иродаи қавӣ метавонад, ҳудудҳоро паси сар намояд. Чуноне ки, нахустин лётчик - кайҳоннавард Юрий Гагарин бо диловарӣ дарҳои фазои беканорро боз намуд. Ин руҳия моро водор месозад, ки бо талошу заҳматҳои пайгир ба сӯйи қуллаҳои нав қадам гузорем ва орзуҳои неки худро ба воқеият табдил диҳем.









Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”