Пас аз ба даст овардни Истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам омадани заминаҳои мусоиди таърихӣ, раванди эҳёи суннатҳои хаттӣ ва пажуҳиши сарчашмашиносии мероси ниёгон вориди марҳалаи сифатан нав гардида, таҳқиқи дастнависҳои бостонӣ дар низоми муосири маорифи кишвар ҳамчун меҳвари бунёдии таълим ва консепсияи худогоҳии маънавӣ мақоми марказиро касб намудааст.
Мутаассифона, то замони истиқлолият, миқдори зиёди китобу дастхатҳои нодир дар давраи Шуравӣ ба нобудӣ расиданд: қисми зиёди онҳо зери хоку об пинҳон шуда, қисме сӯзонида шуд ва баъзеи дигар ба кишварҳои бегона бурда шуданд. Бо вуҷуди ин, мардуми бофарҳанг ва китобдӯсти тоҷик тавонистанд, то ҳадди имкон, дастхатҳои бузургони миллатро аз нобудшавӣ нигаҳ доранд, онҳоро дар таҳхонаҳо ва махфигоҳҳо пинҳон намудаанд.
Дар низоми китобдорӣ ва илму фарҳанги муосир, шуъбаи “Дастхатҳо ва табъу нашр” на танҳо як воҳиди сохторӣ, балки пул ва робитаи зинда миёни гузаштаи пуршараф ва ояндаи дурахшон маҳсуб мешавад. Ин боргоҳест, ки дар он садои асрҳо дар лаҳни коғазҳои зардшудаву хатҳои нафис танин афканда, тавассути технологияҳои муосири нашр ба насли имрӯз дастрас мегардад..
Ташкили шуъбаи “Дастхатҳо ва табъу нашр”. Шуъбаи «Дастхатҳо ва табъу нашр» ҳамқадами замони таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» буда, аз соли 2015 ҳамчун воҳиди калидӣ дар сохтори ин боргоҳи илму фарҳанг фаъолияти худро оғоз намудааст.
Дар раванди ташаккули ибтидоӣ ва роҳандозии заминаҳои техникиву илмии шуъба, саҳми Аҳадов Абдуҳафиз (мудири шуъба дар солҳои 2016–2019) қобили мулоҳиза аст.
Маҳз дар давраи фаъолияти мавсуф хишти аввали созмондиҳии ганҷинаи дастхатҳо ва танзими корҳои нашриётӣ гузошта шуд, ки ин амр барои рушди минбаъдаи пажуҳишҳои манбаъшиносӣ дар маҷмаа заминаи мусоид фароҳам овард.
Самти фаъолият. Шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр асосан ба корҳои зерин машғул аст:
1. Дастрасӣ ва ҳифзи матнҳои аслӣ:
Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории дастхатҳо, китобҳо, рӯзномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва илмӣ.
Таҳияи феҳристҳо ва системаҳои иттилоотӣ барои дастрасӣ ба манбаъҳо.
2. Табъу нашр:
Нашри китобҳо, маҷаллаҳо, мақолаҳо ва дигар маводҳои илмӣ ва фарҳангӣ.
Таъмини босифат дар чоп ва таҳрири матн.
3. Рушд ва тарғиби адабиёт:
Таҳия кардани мавод барои омма ва кормандон.
Иштирок дар барномаҳо ва намоишгоҳҳои китоб ва адабиёт.
Мақсад. Мақсади асосии шуъба ин аст, ки:
1. Захираи адабиёту фарҳангро ҳифз кунад
2. Нашри маводҳои илмӣ ва фарҳангиро таъмин кунад
3. Рушду тараққиёти илму донишро дар ҷомеа тарғиб кунад
Дар ин росто, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъба аз шаҳрвандон китобҳои нодир ва дастхатҳои қадима ҷамъоварӣ намуд.
Ҳадафи ин иқдом ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла китобҳои нодиру чопи сангӣ, ва дастрасии онҳо ба муҳаққиқон ва омма мебошад. Дар давоми солҳои 2015 то 2025 теъдоди китобҳо сол ба сол тағйир мекунад ва дар баъзе солҳо хеле зиёд, дар баъзе солҳо кам аст.
|
Сол |
Теъдоди китобҳо |
|
2015 |
83 |
|
2016 |
206 |
|
2017 |
9 |
|
2018 |
16 |
|
2019 |
8 |
|
2020 |
33 |
|
2021 |
7 |
|
2022 |
19 |
|
2023 |
17 |
|
2024 |
38 |
|
2025 |
22 |
|
Ройгон |
14 |
Ба ин тариқ, тоимрӯз 474 адад китобҳои дастхату чопи сангӣҷамъоварӣванигоҳдорӣшудааст. Аз онҳо тақрибан 40 адад китоб бо ҳамкории МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” баргардонида шуда, дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ барои истифода дар тадрисгоҳ ҷой дода шудаанд. Аз тарафи мудири шуъба Аҳадов Абдулҳафиз низ китобҳои “Маноқиби Хоҷаи Нақшбандӣ” ва “Хайрат-ул-фуқаҳо” баргардон шудааст.
Аз соли 2019 то соли 2020 мудири шуъба Бобоева Фархунда буд. Дар давраи 2020–2022 вазифаро Туробов Илҳом ба уҳда дошт ва аз соли 2022 то имрӯз мудирии шуъба бар уҳдаи Исобоев Даврон мебошад. Ҳамчунин, дар ин шуъба Бойматова М., Пӯлотова Н., Тиляева Ш., ба ҳайси корманди илмӣ фаъолият намудаанд.
Ба ғайр аз ҷамъоварӣ кардани китобҳои нодир шуъба китобҳои илмиро бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ “Феҳрасти нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” ва бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон “Муаррифии китобҳои чопи сангии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-ро нашр кардааст.
Яке аз дастовардҳои меҳварии шуъба дар самти фаъолияти ноширӣ — таҳия ва интишори мунтазами маҷаллаи илмии «Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» мебошад, ки соле як маротиба дастовардҳои тозаи пажуҳишгарони соҳаро ба доираи васеи аҳли илм муаррифӣ менамояд.
Илова бар ин, кормандони шуъба дар ҷиҳозонидани толорҳои намоишии “Қалъаи Хуҷандӣ” саҳми назаррас доранд.
Дар соли ҷорӣ, ба муносибати таҷлили 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, бо ибтикори мудири шуъба Исобоев Д. лоиҳаи нави иттилоотӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Авроқи зар» роҳандозӣ гардид. Ин барнома ҳадаф дорад, ки ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ ва осори нодири чопи сангии фонди осорхонаро тавассути шабакаҳои муосири иҷтимоӣ ба доираи васеи бинандагон муаррифӣ намуда, асрори саҳифаҳои заррини таърихро бозшиносӣ кунад.
Нусхаҳои нодири осорхона. Дар байни китобҳои ҷамъоваришуда нусхаҳои нодир ҳастанд, ки аз арзишмандтарин осори ниёгони тоҷик ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла:
“Захират-ул-мулук”-и Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ
“Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ
“Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ
“Ахлоқи муҳсинӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ
“Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ
“Девон”-и Алишер Навоӣ
“Девон”-и Мирзо Абдулқодири Бедил
“Рубоиёт”-и Умари Хайём
“Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ
“Девон”-и Камоли Хуҷандӣ ва ғ.
Маълумотнома барои ҳар китоб аз ҷониби корманди илмии шуъба Бойматова М. таҳия гардидааст.
Нақшаҳо ва самтҳои оянда. Раванди ҷамъоварӣ ва ҳифзи дастхатҳои гаронбаҳову китобҳои чопи сангӣ дар махзани осорхона бонизом идома дорад ва ин ганҷинаи бебаҳо имрӯз аз ҷониби олимон мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта истодааст. Шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр минбаъд низ дар эҳёи осори нодир ва чоп кардани китобҳои нав пешсаф хоҳад буд. Рисолати мо ин аст, ки саҳифаҳои таърихро дубора зинда кунем ва мероси гаронбаҳои ниёгонамонро ҳамчун намунаи олии фарҳанг ба ҳамагон муаррифӣ намоем.

Исобоев Даврон – мудири шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”