Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақш ва аҳамияти шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар фаъолияти осорхонаҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар шароити муосир осорхонаҳо на танҳо макони нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд, балки ҳамчун марказҳои фаъоли маърифатӣ, тарбиявӣ ва маълумотдиҳӣ амал мекунанд. Дар ин раванд, шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нақши калидӣ мебозад. Ин шӯъба ҳамчун пуле байни осорхона ва ҷомеа баромад намуда, ба ҷалби  тамошобинон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии аҳолӣ мусоидат мекунад. Шӯъба исми оммавӣ фарҳангӣ ва маърифати ном дошта, соли 2015 пас аз ба ҳайати муассисаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳамроҳ гардидани Осорхонаи таърихии вилояти Суғд номи он камтар тағйир ёфт ва минбаъд он ҳамчун шӯъбаи омммавӣ  фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа фаъолияти худро идома дод. Дар аввали солҳои 70-80 асри гузашта мудирони шӯъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва маърифатии осорхона Набиҷон Ҳошимов, Аҳмадҷон Зоиров, Оминахон Ашӯрова, Файзуллоев Мухиддин, Неъматҷонова  Муҳаббат, Домуллоев Ғайбулло аз соли 2015-2018 Мирзоева Иноят, 2019-2022, Ёдгорӣ Аслинисо ва аз соли 2022 Сайфиева Шарифа ҳамчун мудири шӯъба кору фаъолият бурда  истодаанд.

Аз тарафи мудирони шӯъба якҷо бо ходимони илмӣ сайри илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ, хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Негмаматов ва Қалъаи Хуҷанд омода гардида, тарзи дурусти гузаронидани сайри илмӣ ба роҳбаладон фаҳмонида барои қабули меҳмонон онҳоро омода менамоянд.

Дар шӯъбаи оммавӣ фарҳангӣ нақши роҳбаладон махсусан муҳим аст, зеро маҳз онҳо ҳамчун намояндагони фарҳанги миллӣ баромад намуда, симои кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Роҳбаладоне, ки дар осорхона фаъолият бурдаанд ва то имрӯз дар хизмати омма ҳастанд; Васильева Зинаида Ивановна, Ҷумъаев Эҳсонҷон, Чекина Татьяна, Юсупова Раъно, Неъматҷонова Муҳаббат, Раҳимова Муҳаббат, Мирзоева Иноят, Шарипова Фарангис, Тошматова Тахмина, Раҳматов Алӣ, Мамадҷонова  Мутриба, Сайфиева Шарифа, Исматуллоев Ҳусейн, Ботуров Ҳусейн, Юлдошева Умеда, Махсумов Шаҳром, Муродҷони Шовазир, Тошматов Даврон, Алишерӣ Мехринисо, Холматов Азизбек, Мусоев Шакарбек,Зокирзода Шоира, Ҳоҷибоева Фарангис ва дигарон мебошанд.

Дар давоми соли 2015- 2025 аз ҷониби кормандони шӯъба дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, 95 адад намоиши муваққатӣ, 46 вохурӣ ва 52 конфронси илмӣ, 60 намоиши сайёр баргузор гардид, ки дар ин муддат 601311 нафар тамошобинони ватаниву хориҷи аз  осорхонаҳо дидан намуда, 42769 нафарашонро меҳмонони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Мақсади асосии шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа — таъмин намудани иртиботи самаранок байни осорхона ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, шӯъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд; ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ намоишгоҳҳо, конфронсҳо, семинарҳо, вохурӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, мизи муддавар, ҳамкории дуҷониба бо донишгоҳҳои олӣ, барои омода намудани мутахассиони ҷавон, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, гузаронидани дарсҳои кушод барои баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон  равона шудаст.

Яке аз вазифаҳои муҳим — ташкили робитаи дуҷониба бо ҷомеа мебошад. Барои ин, шӯъба аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва  барномаҳои рақамӣ истифода мебарад. Ин амал имкон медиҳад, ки ташрифи меҳмонон аз осорхона зиёд гардад.

Таблиғ ва муаррифии осорхона тавассути барнерҳо, буклетҳо, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, аз тарафи роҳбаладон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кутоҳмуддат аз таърихи як нигора маълумот дода мешавад. Инчунин, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла турҳои виртуалӣ, аҳамияти махсус дорад. Чорабиниҳо, ба монанди рӯзҳои кушод, фестивалҳо ва намоишгоҳҳои муваққатӣ, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва сайёҳон нақши муҳим доранд.

Шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди ҷаҳонбинии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Он ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангии аҳолӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ фарҳангӣ мусоидат мекунад, ки яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти осорхона ба ҳисоб меравад. Он на танҳо ба тарғиби мероси фарҳангӣ, балки ба таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва рушди маърифати ҷомеа мусоидат мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, нақши ин шӯъба боз ҳам муҳимтар гардида, истифодаи усулҳои нав ва технологияҳои муосирро талаб мекунад.

Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита ҷомеаи

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақш ва аҳамияти шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар фаъолияти осорхонаҳо
Scroll to Top