Санаи 23 апрели соли 2026 ҳайати намояндагии ходимони Ассотсиатсияи байналмилалии “Ягонагӣ” (Единство), ки дар назди Созмони Милали Мутатаҳид – ЮНЕСКО фаъолият менамоянд, бо роҳбарии Александр Кошурко ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз гирифта, бо самимият хайру мақдам намуд. Зимни истиқбол ӯ таъкид кард, ки осорхона дар арафаи як санаи муҳими таърихӣ ҷашни 100 - солагии таъсисёбии худ қарор дорад, ки ин рӯйдод барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихии кишвар аҳамияти хоса дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳайати меҳмонон аз намояндагони 28 кишвари гуногуни ҷаҳон иборат буда, ҳамаи онҳо аъзои фаъоли ассотсиатсияи мазкур мебошанд. Дар байни онҳо инчунин курсантҳои Академияи техникии баҳрии ба номи адмирал Д.Н.Сенявин дар шаҳри Санкт – Петербург, Алексей Борисович Сусленников ва Иван Олегович Шитов ҳузур доштанд, ки ин сафари ҳайат ранги байналмилалӣ ва ҷавононро гирифт.
Бо шиносоии амиқ бо таъриху фарҳанги осорхонаи таърихӣ, роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон барои меҳмонон сайри илмӣ ташкил намуда, онҳоро аз толорҳои гуногуни осорхона шинос кард. Зимни сафари илмӣ меҳмонон бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори таърихӣ ва дастовардҳои фарҳанги халқи тоҷик аз наздик маълумоти муффасал гирифтанд.
Дар анҷоми боздид, ҳайати меҳмонон ба китоби фахрии мулоҳизоти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд соядаст гузошта, барои пазироии самимӣ ва ташкили чунин як сайри пурмазмуни таърихию фарҳангӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки ин сафар барои ҳар яки онҳо як таҷрибаи фаромӯшнашаванда гардид.
Ҳайати меҳмонон бо эҳсоси гарм изҳор доштанд, ки мардуми Хуҷанд бисёр меҳмоннавозу кушодарӯй буда, фазои орому боду ҳавои тозаи шаҳр ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад. Ҳамзамон, онҳо аз фаровонии меваҳои пухтарасида ва рангорангии бозорҳои марказӣ ба ваҷд омада, таъкид карданд, ки ин ҳама ҷозибаҳои табиӣ ва фарҳангӣ дар якҷоягӣ симои зебои шаҳрро боз ҳам дурахшонтар мегардонад. Ба гуфтаи онҳо, бахусус осорхонаи таърихӣ бо ганҷинаҳои нодиру муҳити гарму самимии худ тавонист дилу дидаи онҳоро мафтун созад. Меҳмонон изҳори умед карданд, ки чунин сафарҳо дар оянда низ идома ёфта, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии байни халқҳо заминаи устувор мегузоранд.







Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”