Осорхонашинос Муҳиддинҷон Файзуллоев дар муҳити аҳли илми тоҷик ҳамчун муаррих, мардумшинос, фарҳангшиноси касбӣ ва осорхонашиносӣ барҷаста шинохта шудааст.
Хизмату мақоми Муҳиддинҷон Файзуллоев дар омӯзишу таҳқиқи бисёр масъалаҳои таъриху тамаддуни халқи тоҷик, аз ҷумла дар ковишҳои археологии Қалъаи Қаҳ-қаҳа дар ноҳияи Шаҳристон (с.1969), экспедитсияи этнографии ш.Хуҷанд ва атрофи он дар ҳайати Экспедитсияи осиёимиёнагии археологӣ - этнографии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Москава ба номи М.В.Ламаносов (МГУ) (с.1972), экспедитсияи археологӣ - этнографии факултети таърихи МГУ дар деҳаи Пушинг ва дигар деҳаҳои ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Кӯлоб (с.1973), ковишҳои археологии қабристонҳои тоисломӣ дар ноҳияи Фархор (с.1974), кофтуковҳои археологии кӯшки асримиёнагии ноҳияи Қӯшониён (собиқ Советӣ) таҳти роҳбарии профессор С.П.Поляков, ковишҳои Қалъаи Тиркаштеппаи шаҳраки Истиқлол (собиқ Табошар) роҳбарони даста Е.Д.Салтовская, Ӯ.Пӯлодов, корҳои тадқиқотию ҳафриётӣ экспедитсияи археологии Тоҷикистони Шимолӣ (роҳбар акдемик Н.Неъматов) дар Қалъаи Хуҷанд (с.1975-1977) роҳбари дастаи археологи Т.В.Беляева иштирок намуда, дар баробари он дар омӯзиши этнологӣ низ саҳм гузошта аст. Ин таҷрибаи бисёрсола заминаи онро гузошт, ки минбаъд М.Файзллоев дар омӯзиш ва таҳқиқи этнологии таърих ва фарҳанги тоҷикон дар омӯзиши этногенези халқи тоҷик, анъанаи ҷашнвораҳои миллӣ, расму оин ва амсоли онҳо саҳми сазовор гузоштааст. Маводҳою маълумотҳои ҷамъкардаи М.Файзуллоев барои фанни этнология назаррас аст.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки аз соли 2019 инҷониб дар кӯшки ҳокимнишин ва майдони ҳудуди Қалъаи Хуҷанд корҳои тадқиқотӣ – ҳафриётӣ рафта истодааст ва дар он саҳми М.Файзуллоев назаррас аст. Ҳамаи он ашёҳои таърихие, ки аз шурфҳои кофта ба даст меояд, устод мекӯшанд ҳарчи тезтар ба осорхона супоранд то коллексияи соҳаи археологии маъхази осорхона ғанитар гардад. Дар ин муддат аз ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ба осорхона 770 адад экспонатҳо қабул гардида, 24 адади он ба китоби воридотии фонди асосӣ 746 адад ба фонди ёрирасон ворид гардидааст.
Фаъолияи ин шахси бузург дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (собиқ Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод) аз соли 1977 оғоз гардидааст. Устод фаъолияти кориашро ба ҳайси мудири шуъбаи оммавӣ - фарҳангӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои корманди илмии шуъбаи фонд, мудири шуъбаи таърих ифои вазифа намдааст. Аз рӯзҳои аввали корӣ худро ҳамчун ҷавони боистеъдод муаррифӣ намуда бо ҳамаи равандҳои ҳаёти осорхонашиносӣ бо масъулияти баланди касбӣ фаъолият бурдааст. Саҳми М.Файзуллоев дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, оммавӣ-фарҳангӣ ва ҷамъоварии нигораҳои нав барои ғанигардонии фонди осорхона, ташкил ва баргузории намоишҳои мавзӯии тақвимии муваққатӣ ва сайёр басо бузург аст. Баҳри қадрдонии меҳнатҳои пуршарафи устод аз тарафи Маҷлиси иттифоқи касабаи Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод тибқи протоколи №19 аз 14.09.1988 устод барои корҳои самаранокаш дар осорхона бо хонаи истиқоматӣ сазовор гардонида шудааст.
Ҳоло Муҳиддинҷон Файзуллоев дар соҳаи осорхонашиносӣ Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ифтихорномаи вазири Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, сармуҳаррири осори маҷмӯавии “Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд” №2,3,4,5, маллифи 4 мақолаи илмӣ дар ҳар як маҷмӯъа буда, тарбиятгари кадрҳои ҷавони муассиса ба шумор меравад.
Саҳми устод дар бунёди якчанд осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят аз қабили: Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (с.2000), Осорхонаи кумитаи ҷавонон ва варзишии вилояти Суғд (с.2001), Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (с.2006), толори намоишии “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров бори аввал соли 2002 ба муносибати 10 - солагӣ, соли 2012 ба муносибати 20 - солагӣ ва соли 2017 ба муносибати 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсоз, Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом (с.2013-2014), бунёди Осорхонаи таърихии кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд (с.2015), Осорхонаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол” (с.2017), Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Спитамен (с.2019), муаллифи консепсияҳои илмии бунёди Қалъаи Хуҷанд ва иншоотҳои хусусияти ичтимоӣ – фарҳангӣ доштаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” ва даҳҳо дигар консепсияву идеяҳои беназир мебошанд. Ҳамчунин саҳми устод дар тармими қисми ҷанубии бинои мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ (асрҳои XVII - XVIII) барои 6 ҳуҷраи осорхона ва муҷаҳҳази он аз рӯи гранти фонди фарҳангии сафорати ИМА дар Тоҷикистон басо бузург аст.
Бояд зикр кард, ки маҳс бо кушишу талошҳои бевоситаи устод он маводҳое, ки имрӯз дар Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и Қасри Арбоб маҳфуз аст, қисман аз шаҳри Душанбе ва қисми дигар аз вакилони шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва ғ. ҷамоварӣ гардида бо талаботи меъёрҳои илмӣ осорхонашиносӣ мувофиқ ба мавзуъ ва санагузорӣ (хронология) доир ба Иҷлосияи XVI, ки аз 16.11.1992 то 02.12.1992 баргузор гардида буд, ба намоиш гузошта шудааст. Барои ҷамъоварии маводҳо устод бо вакилон: Исломиддинов Мирзошариф, Эшонқулов Эшбӯрӣ, Маҳмадиева Гулчеҳра, Расулова Ҳамрохон, Ҳасанов Олимҷон, Дадоҷони Раҷабӣ, Аюби Кенҷа, Ҳабибов Абдурасул, Мирзоев Мансурҷон, Неъматҷонова Сарвар, Набиев Ҷаҳон ва дигарон вохӯрию мусоҳибаҳо гузаронидааст.
Шиносоии ман бо устод соли 2013 вақто, ки ман ба кор ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд омадам оғоз гардид. Ин шахсро аз рӯзҳои аввал ман ҳамчун устод пазируфтам зеро, ки шахси хоксору ҳалим буда ҳамеша дастгиру мададгори ҷавонон ҳастанд. Тӯли ин солҳо, ки мо бо устод ҳамеша ҳамкориҳои қавӣ дорем маро ҳамчун шогирд қабул намуда, ҳамеша хушсухан ҳастанд ва дар кадом масъалаҳое, ки танқисӣ мекашам ҳамеша маслиҳатгар ва серталаб аст. Имрӯз боиси хушнудист, ки устоди гиромиқадри ман ба синни мубораки 75 расидааст. Он касро бо ин ҷашн табрику муборакбод намуда, дар корҳои илмию тадиқотиашон бурдбориҳои беназир таманно дорам.

Мутрибахон Мамадҷонова - мудири шӯъбаи таърихи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"