Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонони форум аз Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаҳои 15- 18 апрели соли 2026 дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Форуми III – уми байналмиламилии сайёҳӣ таҳти унвони “Суғд – чорроҳаи Роҳи Бузурги абрешим” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи  баланд намояндагони кишварҳои гуногун, коршиносони соҳаи сайёҳӣ, сармоягузорон ва меҳмонони хориҷию ватанӣ ширкат варзиданд.

Дар доираи ҳошияи сафари корӣ, санаи 16 апрели соли 2026 иштирокчиёни форум аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Ба меҳмонон роҳбаладони ботаҷриба маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро бо таърихи бостонии шаҳр ва нақши он дар Роҳи Бузурги абрешим шинос намуданд.

Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз толорҳои гуногуни намоишӣ дидан намуда бо намунаҳои нодири санъати тасвирӣ, ҳунари кундалкорӣ, дастхатҳои гаронбаҳои классикони адибони тоҷик ва осори фарҳанги ниёгон шинос гардиданд. Дар рафти ин боздид иштирокчиён бо осори таърихӣ, нигораҳои қадима шинос шуда, маълумоти  муфассал гирифтанд.

Бояд, қайд намуд, ки баргузории чунин форумҳо барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд, дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангиву сайёҳии форум, ҳамзамон лоиҳаи таҳти унвони “Эҳёи ҳунарҳои ороиши анъанавӣ дар Қалъаи Хуҷанд” амалӣ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо  ва фонди ALIPH роҳандозӣ шуда, ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ равона гардидааст.

Иҷрокунандаи асосии лоиҳа Маркази фарҳангии Фаронса “Альянск Франсэз Хуҷанд” буда, он таҳти роҳбарии Муқим Темиров амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии ин иқдом эҳё ва густариши ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, бахусус санъати кулолгарӣ ва дигар навъҳои ороишоти анъанавӣ мебошад.

Дар доираи лоиҳа дар ҳудуди қалъаи таърихӣ ҳуҷраи махсуси омӯзишӣ барои ҳунарҳои  кулолгарӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин  гардидааст. Ҳамзамон, барои ҷавонон ва хоҳишмандон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шудаанд,ки дар онҳо устоҳои ҳунарманд таҷрибаи худро ба насли наврас интиқол медиҳанд.

Ин иқдом на танҳо ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад, балки рушди сайёҳии фарҳангӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро меҳмонону сайёҳон имкон пайдо мекунанд, ки раванди эҷоди ҳунарҳои анъанавиро аз наздик тамошо намуда, бо фарҳанги ғании тоҷикон бештар ошно шаванд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди меҳмонони форум аз Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top