Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарси кушод дар осорхона бо забони англисӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Бо ташаббуси директори Муассисаи ғайридавлатии гимназияи “Гёте”-и шаҳри Хуҷанд, Каримова Фирӯза Умаровна ва дар ҳамбастагӣ бо омӯзгори забони англисӣ Раҳматова Фирӯза, гуруҳи муҳассилини синфҳои 8 ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сафарбар гардиданд.

Ин чорабинӣ дар доираи барномаи маърифатӣ, бахшида ба моҳи забонҳо ташкил шуда, ҳадафи асосии он густариши ҷаҳонбинии хонандагон баланд бардоштани сатҳи дониши забондонӣ, дарси кушод дар осорхонаи таърихӣ бо забони англисӣ роҳандозӣ гардиданд.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо мероси таърихиву фарҳангии миллати тоҷик роҳбалади дараҷаи олӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ Мирзоева Иноятхон Пулатовна ҳамроҳӣ намуданд. Ӯ ба таври хеле шавқовар ва фаҳмо аз толорҳои намоишии гуногуни осорхона, ки дар онҳо ашёҳои қадима, экспонатҳои нодир ва бозёфтҳои муҳими бостоншиносӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Хусусияти ҷолиби ин сайёҳати илмӣ дар он буд, ки муаррифӣ ва шарҳи маводҳо асосан бо забони англисӣ сурат гирифт, ки барои хонандагон имконияти амалӣ истифода бурдани донишҳои забони англисиро сайқал диҳанд.

Дар рафти боздид хонандагон на танҳо дониши таърихии худро ғанӣ гардониданд, балки малакаи гуфтугӯ ва фаҳмиши забони англисиро низ  такмил бахшиданд. Чунин иқдомҳо дар тарбияи насли наврас боло бурдани ҳисси худшиносӣ, забономӯзӣ, инчунин рушди қобилияти муоширати байналмиллалӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар фарҷоми сайри илмӣ роҳбалади ботаҷриба Иноятхон Мирзоева зикр намуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар арафаи як рӯйдоди муҳим таҷлили 100 – солагии таъсисёбии худ қарор дорад. Ӯ таъкид кард, ки дар тӯли як аср ин муассисаи фарҳангӣ ҳамчун ганҷинаи нодири таъриху фарҳангӣ тамаддуни мардум хизмат намуда, даҳҳо ҳазор ашёҳои арзишманди таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва ёдгориҳои фарҳангиро ҳифз ва муаррифӣ намуда истодааст.

Ҳамзамон қайд намуд, ки бахшида ба ин санаи фархунда дар осорхона баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ, намоишҳои оммавӣ ва гӯшаҳои маърифатӣ баргузор хоҳад гашт.

Толибилмони гимназияи мазкур аз баргузории чунин чорабинии фарҳангӣ таассуроти хеле хуб бардоштанд. Онҳо иброз доштанд, ки сайёҳати илмӣ дониши онҳоро оид ба таърих ва фарҳанги гузаштагон боз ҳам ғанӣ гардонида, ҷаҳонбиниашонро васеътар намуд. Боздид аз осорхона ба онҳо имкон дод, ки арзишҳои миллиро амиқтар дарк намуда, ба гузашта ва мероси ниёгон бо эҳтироми бештар назар афкананд.

Дар ҷамъбасти сайри илмӣ ба роҳбалади забондон, омӯзгорон ва хонандагон барои чунин як чорабинии пурмазмуну омӯзанда арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд низ чунин дарсҳои кушоди омӯзишӣ бо забони англисӣ баргузор хоҳанд шуд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарси кушод дар осорхона бо забони англисӣ
Scroll to Top