Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983 муайян карда шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва мерос мондани он ба наслҳои оянда буда, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чораҳои амалӣ ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал баровардааст.
Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” аз 04.04.2019, №1593 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” аз 03.03.2006, №178 мебошад.
Дар паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон ҷойгоҳи хосро ишғол намуд. Сарвари давлат бо як дидгоҳи амиқи стратегӣ таъкид доштанд, ки “мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.” Ин ибора на танҳо як ҳарфи ифтихорангез балки масъулияти бузургест дар назди наслҳои гузашта ва оянда. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 70 фоизи ин мероси гаронбаҳои моро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, вале мутаассифона, то имрӯз дар кишвар қонуни махсуси соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Пешвои миллат ин холигиро ба воқеиятбинии хос қайд намуда, дастури қатъӣ доданд, ки масъулини соҳа дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бостоншиносӣ” – ро таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Ин иқдом заминаи ҳуқуқиро барои ҳифз ва таҳқиқи илмии ҳазорон ёдгорие, ки дар зери хоки ин сарзамин нуҳуфтаанд, фароҳам меорад.
Тибқи нақшаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳи таърихӣ, меъморӣва фарҳангӣ дар маҷлисгоҳи Қалъаи Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ – омили рушди сайёҳии кишвар” баргузор гардид. Чорабини бо сухани ифтитоҳии директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Набиҷон Раҳимов – профессор, доктори илмҳои таърих, Шавкат Шарифов – дотсент, нозади илмҳои таърих, Абдукаримов Ҷамолиддин - номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Ибрагимова Муяссара – Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Осорхонаи таърихи – кишваршиносии шаҳри Конибодом, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, донишҷӯёни МД Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанди МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, донишҷӯ - таҷрибаомӯзони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин конфронс пеш аз ҳама ҳифз ва нигаҳдории мероси гаронбаҳои ниёгон мебошад. Ин рӯз моро водор мекунад, ки аз таърихи куҳани худ огоҳ буда онро соҳиби кунем ва ба наслҳои оянда ҳамчун мерос боқӣ гузорем.






Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи
оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд