Дар таърихи илму фарҳанги тоҷик инсонҳое ҳастанд, ки бо нерӯи ақлу заковат, иродаи мустаҳкам ва заҳмати содиқона на танҳо роҳи зиндагии худро равшан сохтаанд, балки бо фаъолияти созандаву ибратбахши худ барои наслҳои оянда низ роҳнамо гардидаанд.
Дар ҳар баромаду вохӯриҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин занҳои тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ содиқона меҳнат карда, соҳиби обрӯву эътибор мегарданд”.
Фаъолияти занон дар осорхонаҳо хеле гуногун ва муҳим мебошад. Занон дар соҳаи осорхонашиносӣ нақши фаъол доранд ва дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд. Онҳо натанҳо нигаҳдорандаи таърих, балки паҳнкунандаи дониш ва фарҳанг мебошанд. Мӯъминова О., Ҳамдамова М., Атохӯҷаева И., Нурмухаммедова Р., Азаматова С., Абдуллоева М., Абдуллоева М., Атаева К., Ашӯрова О., Шарипова Ш., Ашӯрова З. аз замири чунин заноне буданд, ки дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди илм ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши калидӣ намудаанд. Яке аз ҳамин гуна зани қавиирода, меҳнатдӯсту соҳибтаҷриба Неъматҷонова Муҳаббат мебошад. Муҳаббат Неъматҷонова рӯзи 30 сентябри соли 1952 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1959 ба мактаби миёнаи №18-и шаҳри Хуҷанд ба номи С.Айнӣ дохил шуда, то соли 1963 дар ин боргоҳ таҳсил намудааст. Бо сабабҳои оилавӣ аз соли 1963 то 1967 дар мактаб – парваришгоҳи колхози ба номи С.Ӯрунхӯҷаев таҳсил намуда, онро соли 1967 бомуваффақият хатм намудааст.
Муҳаббат Неъматҷонова соли 1967 ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд, алҳол Коллеҷи омӯзгории ба номи академик Б.Ғафуров ба шӯъбаи мактабӣ супорида, онро соли 1971 бомуваффақият хатм намуда, бо роҳхати Омӯзишгоҳи педагогӣ ҳамон сол ба мактаб – парваришгоҳи колхози ба номи С.Ӯрунхӯҷаев ба кор таъмин гаштааст. Солҳои 1971 – 1975 ҳамчун муаллима ва сарвари роҳбари пионерон кору фаъолияти мондагор кардааст. Дар давоми фаъолияти корӣ дар ин вазифа дар озмунҳо, азназаргузарониҳои мактабӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, соли 1972 ғолиби озмунҳои байни мактабӣ гашта, 19 майи соли 1972 ба муносибати 50 – солагии ташкил ёфтани ташкилоти пионерӣ дар Ҳамоиши умумииттифоқии сарвари роҳбари пионерон дар шаҳри Москва дар қатори намояндагони собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҳамчун намояндаи Тоҷикистон аз вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) аз ноҳияи Хуҷанд (Б.Ғафуров) ширкат варзидааст.
Соли хониши 1971-1972 ба Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба шӯъбаи методика ва педагогика ғоибона дохил шуда, онро соли 1976 хатм намудааст.
Бо амри тақдир соли 1975 ба Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилояти Ленинобод ба кор оғоз мекунад. Муҳаббат Неъматҷонова дар тӯли фаъолияти кории 20-солаи худ дар осорхона ба ҳайси роҳбалад, роҳбалади дараҷаи олӣ, мудири шуъбаи оммавӣ – маърифатӣ фаъолият намуда, соҳиби обрӯю эътибор гардидааст.
Чун ӯ роҳбалад буд, экспозитсияи осорхонаро ба хубӣ омӯхта буд, барои меҳмонону сайёҳон, шаҳрвандон, донишҷӯён, толибилмони мактабҳои миёна аз таърихи гузаштаву имрӯза ҳарф зада, ҷаҳонбинии маънавии онҳоро бой гардонидааст.
Ҳамчунин таҳти роҳбарии ӯ дар толори осорхона конфронсҳои илмӣ, вохӯриҳо бо шоирону адибони варзида, иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат ташкил карда мешуд. Ӯ пайваста асарҳои таърихиро мутолиа мекард то сомеъонаш аз ӯ қаноатманд бошанд. Барои ғанӣ гардонидани дониши худ ба бисёр осорхонаҳои шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Москва, Ленинград, Полтава ва ғайра сафари хидматӣ ва такмили ихтисос кардааст.
Воқеан Муҳаббат Неъматҷонова қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошт, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. Бинобар ин роҳбарияти осорхона инро ба назар гирифта, ӯро соли 1984 раиси Иттифоқи касабаи коргоҳ таъин намуд.
Ӯ ҳамчунин Аъзои пленуми иттифоқи касабаи кормандони давлатӣ ва фарҳанг буда, соли 1990 дар кори Анҷумани 1-уми умумиҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг дар шаҳри Душанбе ширкат варзидааст.
Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш якчанд шогирдонро ба монанди Татяна Чекина, Марҳабо Раҳимова, Иноят Мирзоева, Раъно Юсупова тарбия намудааст.
Соли 1995 ӯро ба Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд даъват карданд, ки ӯ дар ин ҷо то ба нафақа баромадан ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳо босадоқату пурсамар кору фаъолият бурдааст. Дар ин боргоҳ ҳам худро ҳамчун инсони комилу меҳрубон нишон дода, барои ҳамаҷониба пурқувват кардани кадрҳо саъю кӯшиш менамуд. Ба ивази хизматҳои шоистааш ӯро бо якчанд Ифтихорномаҳои идора, Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ намудаанд. Ӯ соҳиби унвонҳои “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.
Муҳаббат Неъматҷонова зани ташаббускор, ташкилотчӣ ва ҷамъиятчии моҳиру мададгори мардуми оддӣ аст. Ӯ якчанд муддат Раиси комитети занони маҳаллаи “Навбаҳор” буд ва айни замон дар корҳои ҷамъиятии маҳалла фаъолона ширкат меварзад. Аъзои кумитаи занони маҳалла, танзиму ҷашну маросимҳо, “Собиқадорони ҷангу меҳнат” мебошад.
Вай соҳиби оилаи намунавӣ, 4 фарзанд, 13 набера ва абераҳо мебошад.
Аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Соли оила эълон шуда буд. Дар маҳаллаи Навбаҳор озмуни оилаҳои беҳтарин баргузор гардид. Оилаи Неъматҷоновҳо дар ин озмун иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардиданд. Сипас аз тарафи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон 15 майи соли 2015 бо иштироки 300 нафар аъзои ин ҳизб ва бо иштироки меҳмонони пойтахт бо оилаҳои собиқадор вохӯрӣ барпо гвардид. Раиси вақти шаҳри Хуҷанд Раҷаб Аҳмадзода иштирокчиёнро бо тӯҳфаҳо қадр карданд, ки оилаи Неъматҷоновҳо дар ин вохӯрӣ иштирок карда буданд. Ҳамчунин ҳамон сол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи кор бо занони шаҳр озмуни ҷамъбастӣ оид ба оила “Дарёи муҳаббат” бо иштироки 22 маҳаллаҳои шаҳр доир гардид, ки оила Неъматҷоновҳо сазовори ҷои дуввум гардид.
Алоқаи ӯ бо радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо хеле зич мебошад. Ӯ дар барномаи радиои вилояти Суғд “Амвоҷи зиндагӣ” (рӯзноманигор Мунаввара Мирзоумарова) иштирок ва оиди ҳунари кашидадӯзӣ-сӯзанидӯзӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баромад кардааст.
Ӯ дилбохтаи осори ниёгон буда, алоқаи худро аз осорхона намеканад ва ҳамеша маслиҳатгару раҳнамои кормандон аст. Шогирдонаш имрӯз идомабахши кори ӯянд ва дар ҳама ҳолат аз равиши кор пурсон мегарданд. Муҳаббат Неъматҷонова аз чунин муносибати дастпарваронаш хеле шод аст.
Шиори ӯ дар зиндагӣ кори неку номи нек, муҳаббат ба оила ва халқ аст. Мехоҳад муҳаббати занони тоҷик ба ватани худ, фарҳанги худ, оилаи худ софу пок ва ҳақиқат ҷовидона бошад.

Мирзоева Иноят - роҳбалади Осорхонаи таърихии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”