Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Оид ба фаъолияти шуъбаи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари маҳбубамон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, бешак, пешорӯйи он хидмату заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Дар баробари рушди соҳаҳои мухталиф таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳукумату давлат ба ривоҷи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, ғанӣ гардонидани осорхонаҳои кишвар нигаронида шудааст, зеро боигарии осорхона инъикосгари таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Пешвои миллат ба масъалаи таърихӣ будани ин сарзамин амиқан таваҷҷуҳ намуда, бисёр бамаврид таъкид намудаанд: «Сарзамини аҷдодии тоҷиконро метавон осорхонаи ҷовидонаи таърих номид. Ин осорхонаи ҷовидона бароямон аз Хуҷанди бостонӣ, Истаравшану Курушкадаи овозадор, Панҷакенти қадим, Тахти Сангину Кайқубодшоҳ, Ҳулбуки бостонӣ ва садҳо шаҳристону куҳандиз оташкадаву ибодатхонаҳои аҳди кӯҳан, корвонсарою растаҳои ҳунармандӣ – хуллас аз гузаштаҳои басо дуру сарнавишти пурифтихори ниёгони бофарҳанги тоҷикон, аз ободгарию созандагӣ ва офарандагии онҳо паём овардаанд» (4, 463). Воқеан, ёдгориҳои осорхона, пеш аз ҳама аз ҳунар ва таъриху фарҳанги миллии мо шаҳодат медиҳад, ки он василаи ҳамоҳангсози дирӯзу имрӯзу ояндаи халқи тоҷик маҳсуб гардида, боиси ифтихор медошад. Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат «Мо имрӯз аз мероси гузаштаи фарҳангӣ ифтихор карда, ҳар як ашёи қадимаро дар осорхонаҳои боҳашамати ҷаҳонӣ нигоҳ медорем…» (5, 27). Воқеан, ҳифзи арзишҳои миллӣ имкон медиҳад, ки насли имрӯзи мо аз гузаштаи миллати худ огоҳ гардида, бо сабақи он барои ояндаи миллат хидматгузор бошанд.

Фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар партави сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дошта, баҳри амалӣ намудани иқдомҳои таърихии Пешвои миллат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин осорхона, ки аз қадимтарин осорхонаҳои кишвар мебошад, дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ҷамъовариву нигаҳдории он рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо карда истодааст. Дар ин самт шуъбаи фонди осорхонаи таърихи вилояти Суғд саҳми босазое дорад. Ин шуъба бақайдгирии нигораҳои осорхонаро аз соли 1954 аз тарафи аввалин мудири фонди Осорхона Мӯминова Онаой Исмоиловна оғоз карда, то ин дам идома дода истодааст. Дар ин шуъба якчанд китобҳои соҳави ташкил карда шуда, (китоби бақайдгири, воридоти асосӣ, ёрирасон, этнографӣ, яроқу аслиҳа, археологи, сиккашиносӣ) ҳамасола экспонатҳое, ки аз тарафи шуъбаҳо супорида мешаванд, бо рақамҳои тартиби ба китоби соҳави сабт карда мешавад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар ин шуъбаи пурмасьул Муминова Онаой, Домуллоев Ғайбулло, Ашӯрова Омина, Атоева Кимё. Ӯрмонҷонова Адиба ҳамчун мудири фонди осорхона фаъолият бурданд.

Шояд дар зеҳни хонанда саволе ба миён ояд, ки мафҳуми «экспонат» чиро ифода мекунад? Мураттибони «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» ин истилоҳро чунин шарҳ кардаанд:

Экспонат – ашёи осорхонавие, ки барои намоиш додан дар экспозитсия гузошта шудааст. Экспонат воҳиди унсурии сохтории экспозитсия буда, асоси муоширати осорхонавиро ба вуҷуд меорад. Ҳам ашёи аслӣ ва ҳам ашёи ҷаълӣ, амсилаву нусхаҳо ва маводи илмӣ-ёрирасон ба ҳайси экспонат дар осорхонаҳо хидмат карда метавонанд (2, 174). Ин ҷо истилоҳоти «ашёи аслӣ», «ашёи ҷаълӣ», «амсила», «нусха» ва «маводи илмӣ-ёрирасон» низ ниёз ба тавзеҳ доранд, зеро дар асоси дарки дурусти маънии онҳо хонанда оид ба ашёҳои осорхона маълумот пайдо мекунанд.

«Ашёи аслӣ» – чизи ҳақиқӣ, вокеӣ буда, муқобили ашъи ҷаълӣ мебошад. Ашёи аслӣ сарчашмаи дониш оид ба ашёи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар фаъолияти осорхонавӣ дараҷаи аслият дар робита ба гуруҳҳои гуногуни ашёи осорхона ба таври мухталиф муайян карда мешавад. Масалан, барои осори санъат: ашёе, ки аз ҷониби худи ҳунарманд, ё усто сохта шудааст, барои осори таърихӣ: ашёи ҳақиқие, ки ба ягон давра, ҳодиса ва чеҳраҳои муайяни таърихӣ мансуб мебошад. «Ашёи ҷаълӣ» бошад, нусха ё ашёи қалбакие, ки мисли ашёи аслӣ сохта шудааст, мебошад (2, 14)

«Амсила» – ашёи бузургҳаҷме, ки бо сабабҳои гуногун (номумкин ё дар ҳолати ғайриинтиқол будани намоиши нусхаи аслӣ) дар намоишгоҳҳои осорхона махсус сохта шуда, намуди зоҳирии ашёи аслиро ба шакли бадеӣ ифода мекунад… Амсила ҳангоми ба осорхона ворид гаштан ва ҷойгиркунии он ҳамчун ашёи дорои аҳаммияти осорхонавидошта ба фонди асосӣ ворид карда мешавад. «Нусха» аз лиҳози ифодакунандагии маъно ба «Амсила» наздик буда, бо мақсади тамсил ё иваз кардани ашёи дигар сохта мешавад, ки ҳамчун ашёи аслӣ ба намоиш гузошта мешавад. Нусха айнан ба ашёи асл монанд буда, бо мақсадҳои нусхабардорӣ мувофиқ сохта шудааст, ва то андозае тамоми хусусиятҳои аслро инъикос мекунад (2, 7-89).

«Маводи илмӣ-ёрирасон» – фарогири харитаҳо, нақшаҳо, схемаҳо, ҷадвалҳо, реҷаҳо ва дигар матолибе, ки ашёи осорхонавиро дар намоиш пурра намуда, мазмуну мундариҷаи онҳоро тавзеҳ медиҳанд, мебошад. Ҳарчанд, маводи илмии ёрирасон ба фонди асосии осорхона тааллуқ надорад, аммо ҳангоми омӯхта шудани ашё ва маҷмуаи ашё ба фонди дигар, яъне, фонди илмӣ-ёрирасон ба қайд гирифта мешаванд.

Ба таркиби экспонатҳои дар соли 2025 харидоринамудаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаҳои хаттӣ, чопи сангӣ, сӯзанидӯзиҳо, тоқиҳо, ашёҳои мисии мунаққаш, ашёҳои археологӣ, 43 адад тангаҳои ҷашнӣ ва ғайра дохил мешаванд, ки аз таркиби тангаҳои ҷашнӣ як адади он тило мебошад.

Азбаски шуъбаи фонд қисми илмии осорхона буда, фаъолияти бақайдгирӣ ва нигаҳдории фондҳои осорхонаро ташкил медиҳад, барои таъмини амнияти ҳолати нигаҳдошти ашёи осорхонавӣ, инчунин, ҷиҳати ошкор намудани ашёи осорхонавии ба тармим ниёздошта мунтазам чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида мешавад. Бинобар ин, шуъбаи фонди осорхона ҷиҳати дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ашёи осорхонавӣ бо такя ба маводи «Дастурамал оид ба бақайдгирӣ ва нигоҳдории ашёи осорхонавӣ» барои санҷиши ҳолати ашёи осорхона мунтазам чорабиниҳоро ба роҳ монда истодааст.

Аввалин маротиба соли 2006 аз тарафи МИҲД-и вилояти Суғд, сипас соли 2013 бо фармони Омири осорхона Бойматов М.Т, ба пуррагӣ ҳисобрасӣ гузаронида шуда, норасоӣ ва камбудиҳо муайян  карда шуд.

Ҳамин тавр, имрӯз маъхази осорхона тибқи талаботи қонун дар бораи осорхона ва фонди Осорхона фаъолият намуда, ҷо ба ҷо гузории ашёҳои осорхонавӣ дар утоқҳои алоҳида аз рӯи меъёрҳои осорхонашиносӣ амали гаштааст. Шуъбаи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳисоби умумӣ 23306  (бисту се ҳазору се саду шаш) адад экспонат ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад, ки аз ин шумор 17 599 (ҳабдаҳ ҳазору панҷсаду наваду нуҳ) ададашро экспонатҳои асосӣ ва 5707 (панҷ ҳазору ҳафт саду ҳафт) ададашро экспонатҳои ёрирасон ташкил медиҳад. Масалан, дар соли 2025 ба миқдори 409 адад экспонат харидорӣ намуда, ки аз ин шумор 181 адади он асосӣ ва 228 адади он ёрирасон мебошад. Агар нигораҳои таърихиро дар 10 соли охир ҳисобгирӣ намоем, чунин ададҳо ҳосил мешавад: Соли 2016: 15308; 2017: 15817; 2018: 16218; 2019: 18870; 2020: 19393; 2021: 21422; 2022: 21987; 2023: 22628 2024: 22897; 2025: 23306.

Инчунин, бо мақсади муайян намудани аксҳои фонди осорхона аз рӯйи нақша ба пуррагӣ ба соҳаҳо ҷудо карданд. Дар умум 6074 адад аксҳо ҷобаҷогузорӣ карда шуд.

Шуъбаи фонд мақсад дорад, ки оянда барои санҷиш ва ҷамъоварии маводи нави ба осорхона воридшаванда тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт фаъолияташро пурзӯр намояд.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ

  1. Абдураҳмонов, Б. Музейҳо / Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.4. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, 1983. – С.533-534.
  2. Зарифӣ, А.Н. Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2025. – 108 с.
  3. Ибодуллозода, А.И., Иброҳимзода, З.С., Нумон, Ш. Дастурамал оид ба бақайдгирӣ ва нигоҳдории ашёи осорхонавӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 108 с.
  4. Раҳмонов, Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷ.4. – Душанбе: Ирфон, 2002. – 472 с.
  5. Раҳмонов, Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих (китоби сеюм). Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 228

Исҳоқӣ Фаридахон – сармуҳофизи фонди

Осорхонаи таърихии вилояти

Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООид ба фаъолияти шуъбаи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top