Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сабзазори зебои дилнишин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Бо мақсади беҳтар намудани муҳити зист ва ободонии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, як адад мошини алафдаравӣ дастрас гардид. Ин иқдом дар доираи тадбирҳои мунтазами ободонӣ ва нигоҳдории иншооти фарҳангиву таърихӣ баҳри сабзазори зебои дилнишини муҳити зист роҳандозӣ шудааст.

Мошинаи мазкур хело чақону сабукрав буда, барои дарави яклухти майдончаҳои сабзазор, гулгаштҳо ва дигар қитъаҳои кабудизоршудаи ҳудуди боғи истироҳатӣ ва қалъаи хуҷанд пешбини гардида, имконият медиҳад, ки корҳои нигоҳбини муҳити сабз бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд. Истифодаи чунин таҷҳизоти замонавӣ на танҳо самаранокии меҳнатро зиёд мекунад, балки ба нигоҳ доштани  намуди зебо ва ҷолиб низ мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд, яке аз маконҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза шумораи зиёди сайёҳон ва сокинонро ба худ ҷалб менамояд. Аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди он, аз ҷумла майдончаҳои сабз аҳамияти калон дорад.

Дастрас гардидани мошинаи алафдаравӣ имкон фароҳам меорад, ки гулгаштҳо ва сабзазорҳои муассисаи фарҳангӣ ҳамеша ороста ва тоза нигоҳ дошта шаванд. Ин дар навбати худ ба баланд гардидани ҳусни зоҳирии муҳити зист ва фароҳам овардани фазои дилнишину роҳат барои тамошобинон мусоидат мекунад.

Бешубҳа, чунин тадбирҳои ободкорӣ ва созандагӣ дар самти ободонӣ ва рушди инфрасохтори муассисаи  фарҳангӣ барои  баланд бардоштани нуфузи макони таърихӣ ва ҷалби бештари сокинону меҳмонони дуру наздик заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСабзазори зебои дилнишин
Scroll to Top