Дар замони муосир тақвияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ниҳодҳои фарҳангӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, ҳамкории судманди байни МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд” – и МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, таҳти роҳбарии ректор Саидзода Масрур Мирзохон ва Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов созишномаи тарафайн ба имзо расонида шуда буданд.
Қобили зикр аст, ки миёни ин ду ниҳод, қаблан шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар бандҳои он самтҳои асосии ҳамкории мутақобилан судманд ба таври мушаххас муаяйн гардиданд. Ҳадафи асоси ин пеш аз ҳама, таҳкими робитаҳои илмӣ ва амалӣ, густариши табодули таҷриба ва фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили малакаҳои касбии донишҷӯён мебошад. Аз ҷиҳати амалӣ, донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки дар муассисаи фарҳангӣ ва сохторҳои марбут ба соҳаи туризм таҷрибаомӯзӣ гузаранд бо равандҳои воқеии фаъолияти касбӣ шинос шаванд ва малакаҳои заруриро дар шароити воқеӣ инкишоф диҳанд. Имрӯз метавон гуфт, ки натиҷаҳои ин ҳамкорӣ тадриҷан самараи худро нишон дода истодаанд.
Дирӯз донишҷӯёни курси сеюм барои гузаштани таҷрибаомузӣ ва иштироки фаъолона дар машғулиятҳои дуалӣ ба муассисаи фарҳангӣ ташриф оварданд. Ин иқдом ба онҳо имконият фароҳам овард, ки дониши назариявии худро дар муҳити воқеии корӣ татбиқ намоянд, ва бо фаъолияти соҳаи фарҳанг ва сайёҳӣ аз наздик ошно гарданд.
Дар ҷараёни машғулият Иноятхон Мирзоева - роҳбалади дараҷаи олии муассисаи мазкур ва Зебо Муйдинова- намояндаи маркази сайёҳӣ ва иттилоотии Қалъаи Хуҷанд, донишҷӯёнро бо таърихи ғанӣ ва имкониятҳои сайёҳии ин макони таърихиву фарҳангӣ шинос намуданд. Инчунин дар корҳои амалӣ аз қабили роҳбаладӣ, хизматрасонии сайёҳӣ ба меҳмонон ва аз ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ аз наздик ошно гардиданд. Ин таҷриба ба рушди малакаҳои муошират, кор дар гурӯҳ ва масъулиятшиносии онҳо мусоидат мекунад.
Мутахассисони мазкур низ аз чунин ҳамкорӣ бо донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардаанд, ки ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти амалӣ метавонанд, барои омода намудани кадрҳои соҳибкасб дар соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг заминаи устувор гузоранд.
Бешубҳа, идомаи ҳамкориҳои судманд байни муассисаи фарҳангӣ ва донишгоҳи олӣ метавонад, дар рушди низоми таҳсилот нақши калидӣ бозад. Ин гуна ҳамкориҳо на танҳо ба табодули таҷриба ва дониш мусоидат мекунанд, балки фазои таълимиро ғанӣ гардонида, онро ба талаботи замони муосир мутобиқ месозанд.
Бале, донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки дониши назариявии худро дар муҳити воқеӣ татбиқ намоянд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок кунанд ва бо мутахассисони соҳа аз наздик шинос шаванд.
Албатта, метавон гуфт, ки дар заминаи рушди соҳаи туризм, ҳамкориҳои байналмилалӣ, шиносоӣ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ва дар раванди машғулиятҳои таълимӣ метавонад ба омодасозии кадрҳои баландихтисос заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.







Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”