Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гусели сарбозон дар Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 07 – апрели соли 2026, дар саҳнаи  Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, маросими гусели сарбозони Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудоифаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 08941- и Вазорати мудоифаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати адои хизмати ҳарбиро ба анҷом расониданд, баргузор гардид.

Дар ин чорабинии мазкур, Исмоилзода Зуфар Муртазохон – муовини раиси вилояти Суғд, Исматзода Бахтиёр – сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Фахриддинзода Фирдавс – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, инчунин афсарону хизматчиёни қисми ҳарбии мазкур иштирок намуданд.

Дар доираи маросими гусел, муовини раиси вилояти Суғд, баромад намуда, зимни суханронӣ хизматчиёни ҳарбиро бо анҷоми бомуваффақияти хизмати ҳарбӣ табрик гуфта, ба онҳо дар зиндагии минбаъда барору комёбиҳо орзу намуд, ки боиси хушҳолии ҳозирин гардид.

Дар фарҷоми маросими бошукуҳ ба сарбозон дар фазои тантанавӣ билетҳои ҳарбӣ супорида шуда, хизмату садоқати онҳо нисбат ба Ватан баланд арзёбӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, барои хизмати софдилона, интизоми намунавӣ ва иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ бо сипосномаҳо ва суханони нек қадрдонӣ ба амал оварда шуд.

Ин лаҳзаҳо барои сарбозон басо хотирмон буда, боиси эҳсоси ифтихор ва руҳбаландии онҳо гардид, зеро заҳмату талошҳои онҳо дар давраи хизмати ҳарбӣ нодида намонда, бо эҳтироми хоса арҷгузорӣ карда шуданд.

Дар анҷоми маросим бо мақсади абадӣ гардонидани лаҳзаҳои хотирмон, иштирокчиён ва сарбозон сарҷамъона дар назди саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд аксбардорӣ намуданд. Ин аксҳо ҳамчун рамзи ёдгории давраҳои хизмати ҳарбӣ ва нишонаи дӯстиву  ҳамдилӣ байни ҳамхизматон боқӣ хоҳад монд.

.

Валӣ Навбизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГусели сарбозон дар Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид
Scroll to Top