Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баҳори рангоранг дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Имрӯзҳо бо фарорасии фасли зебои баҳор дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ бо маром идома доранд. Боғбонони бо таҷрибаи муассисаи мазкур дар ҳамбастагӣ бо роҳбари гуруҳи корӣ Шерназарова Дилафрӯз аз ҳар лаҳзаи мусоиди фасли баҳор самаранок истифода бурда, ба корҳои сабзкорӣ ва шинонидани гулҳои мавсимӣ ва ороишӣ машғул ҳастанд. Онҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби дурусти навъҳои намуди гулҳо ва тартиби шинонидани гул бо номи “салвия” мекӯшанд боз ҳам  муҳити атрофро зебову дилнишин гардонанд.

Дар раванди кор, заминҳоро бодиққат омода гардонида, бо гулҳои гуногуни рангоранг оро дода мешаванд, то ки ҳар як гӯшаи ҳудуд симои тозаву ҷолиб касб намояд. Маҳорати баланд ва таҷрибаи чандинсолаи онҳо имкон  медиҳанд, ки гулҳо хуб нашъунамо ёфта, муддати дароз ҳусни табиатро нигоҳ доранд.

Ин гуна фаъолияти заҳматталабона на танҳо ба ободонии муҳити зист тавассути шинонидани гулҳои ороишӣ ва ба тартиб даровардани гулгаштҳо мусоидат мекунад, балки симои умумии маҳалро куллан дигаргун месозад. Гулҳои рангоранг бо таровату зебоии худ фазои атрофро дилфиреб гардонида, ҳисси оромиш ва хушҳолиро дар қалби ҳар бинанда бедор  мекунанд.

Ҳамзамон, чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани руҳияи сокинон ва меҳмонон таъсири мусбат расонида, муҳити мусоид барои истироҳат, сайругашт ва фароғат фароҳам меоранд. Ҳузури гулҳои зебо инсонро ба эҳсосоти наздикшавӣ ба табиат водор намуда, завқи зебопарастӣ ва эҳтиром ба муҳити атрофро тақвият мебахшад.

Илова бар ин, корҳои мунтазами сабзкорӣ нишонаи фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ буда, ба ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонон мусоидат менамоянд, ки дар навбати худ барои муаррифии муассисаи фарҳангӣ ҳамчун макони зебову обод аҳамияти муҳим дорад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБаҳори рангоранг дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top