Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди арзишҳо, масъалаи худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ аҳамияти беш аз пеш касб мекунад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ таъкид намуданд: “Ҳар як фарди ҷомеа, бахусус насли наврасу ҷавонон, бояд таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ рӯ оваранд.” Зеро маҳз тавассути шинохти гузашта, инсон метавонад роҳи дурусти ояндаро интихоб намояд. Чунки омӯзгорон ҳамчун тарбиятгарони насли ояндадор, дар ин раванд масъулияти бузург доранд. Мо пайваста талош менамоем, ки дар зеҳну шуури хонандагон эҳсоси ифтихор аз миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузор ба таърих, заминаи худшиносӣ миллии халқи тоҷикро парвариш намоем. Зеро таърих на танҳо гузаштаи миллат, балки оинаест, ки имрӯз ва фардои моро инъикос месозад.
Дар ин замина, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” аҳамияти махсус дорад. Осорхонаи таърихӣ ҳамчун махзани нодири таърих ва фарҳанг, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихии хонандагон шароити мусоид фароҳам меорад. Тавассути ташкили сайёҳатҳои таълимӣ, дарсҳои кушод ва чорабиниҳои маърифатӣ, хонандагон имконият пайдо мекунанд, ки бо осори ниёгон аз наздик шинос шаванд.
Боиси ифтихор аст, ки дар остонаи таҷлили 100 - солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, муассисаи таҳсилоти умумии № 25 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ саҳми худро дар тарғиби ин санаи муҳим мегузорад. Ба ин муносибат, дар муассисаи мазкур якчанд силсила маҳфилҳои таълимиву тарбиявӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, дарсҳои махсуси таърихшиносӣ, фарҳангшиносӣ, соатҳои тарбиявӣ бахшида ба арзишҳои худшиносии миллӣ, инчунин чорабиниҳои илмию маърифатӣ бо иштироки омӯзгорону хонандагон дар сатҳи баланд баргузор карда мешаванд. Дар ҷараёни ин дарсҳо ва маҳфилҳо ба таърихи бостонии халқи тоҷик, тамаддуни куҳан, анъанаҳои фарҳангии ниёгон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегарданд. Омӯзгорон бо истифода аз маводҳои таърихӣ, сарчашмаҳои илмӣ ва намунаҳои мероси фарҳангӣ ба хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро ба омӯзишу таҳқиқи амиқтари гузашта ҳидоят мекунанд.
Ҳамзамон, дар ин чорабиниҳо масъалаҳои муҳими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба Ватан, ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ, инчунин масъулияти ҳар як фард дар ҳифзи мероси ниёгон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Маҳфилҳои илмию маърифатӣ бошад, барои рушди ҷаҳонбинӣ, тақвияти тафаккури мустақил ва бедор намудани ҳисси ифтихор аз миллат дар қалби хонандагон нақши муассир мебозанд.
Инчунин дар доираи соатҳои тарбиявӣ бо мақсади тақвияти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, миёни хонандагон маҳфилҳои “Шоҳномахонӣ” ва омӯзиши осори гаронбаҳои адабӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин маҳфилҳо хонандагон бо шавқу завқи зиёд ба мутоила ва қироати достонҳои безаволи ”Шоҳнома” рӯ оварда, мазмуну муҳтавои онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Тавре маълум аст, ин асари бузурги таърихиву адабӣ аз ҷониби мутаффакири замон ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ эҷод гардида, дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар мавзуи “Маданият, илм ва адабиёти асри XI ва ибтидои асри XIII” ҷой дода шудааст, ки яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори фарҳангии мардумони форсизабон ба ҳисоб меравад. Дар он қаҳрамониҳо, ватандӯстӣ, адолат ва арзишҳои волои инсонӣ бо забони бадеӣ ва таъсирбахш инъикос ёфтаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп гашта, ба тамоми мардуми ҳар як хонадони кишвар ҳамчун туҳфаи арзишманд тақдим намуданд. Ин иқдоми нек дар самти баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим гузошта, ҷавононро ба мутоила ва омӯзиши мероси адабии ниёгон бештар ҳидоят менамояд. Маҳфилҳои шоҳномахонӣ дар муассисаи мазкур на танҳо барои рушди қобилияти қироат ва дарки матни бадеӣ мусоидат мекунанд, балки дар қалби хонандагон эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва масъулият барои ҳифзи арзишҳои маънавиро бедор месозанд.
Ин иқдомҳо ба он равона шудаанд, ки насли наврас бо дарки амиқи таъриху фарҳанги худ ба камол расида, ҳамчун шахсиятҳои худогоҳ, ватандӯст ва соҳибмаърифат дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар маҷмуъ, мо омӯзгорон бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба рисолати касбии худ таъкид менамоем, ки тамоми неру, дониш ва ҷидду ҷаҳди илмии хешро баҳри тарбияи насли худогоҳ, ватандӯст ва соҳибфарҳанг равона созем. Зеро хуб дарк менамоем, ки ояндаи миллат маҳз аз сатҳи маърифату худшиносии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Мо пайваста мекӯшем, ки дар қалбу зеҳни шогирдон ҳисси эҳтиром ба таърихи пурғановати миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанг, инчунин масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоем. Бо истифода аз тамоми имкониятҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, саъӣ менамоем, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои комил, худогоҳ ва фаъол ба камол расанд.
Бовари дорем, ки танҳо тавассути илму маърифат, худшиносии миллӣ ва пайравӣ ба арзишҳои волои инсонӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати устувор бунёд кард.
Аз ин рӯ, талошҳои мо омӯзгорон дар ин самт минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ идома ёфта, баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.




Шавқияхон Ҳоҷибоева - омӯзгори фаннизабон ва адабиёти тоҷики
Муассисаи таҳсилоти умумии № 25 - ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.