Дар доираи таҷлили бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари кишвари Тоҷикистон, аз санаҳои 31 март то 05 апрели соли 2026, Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони "баҳори ҷавонӣ - наврӯзи ҷаҳонӣ" бо иштироки гуруҳи калони ҷавонони фаъоли минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Исфара ва Хуҷанд баргузор гардида истодааст.
Ҳадафи асосии фестивали мазкур таҳкими дӯстиву ҳамбастагии ҷавонон, рушди ҳамкориҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар доираи барномаи фестивал баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ пешбинӣ гардида, иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ғании минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик шинос шаванд.
Ба ин хотир, санаи 03 апрели соли 2026, дар доираи барномаи фестивали мазкур, иштирокчиён Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”ва аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварданд. Ин маконҳои таърихӣ ва фарҳангӣ аз муҳимтарин ёдгориҳои фарҳангии кишвар ба шумор рафта, таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷиконро инъикос мекунанд.
Ҳамзамон, ҳайати меҳмононро Нодирахон Олимова- ҷонишини директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд самимона пешвоз гирифта, онҳоро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи аҷам табрик ва хайру мақдам гуфт. Зимни суханронии худ ӯ таъкид дошт, ки чунин ташаббусҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ҷавонон ва муаррифии мероси бойи фарҳангии миллат нақши муҳим доранд.
Сипас, бо роҳнамоии роҳбаладони касбӣ, иштирокчиён аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, ки дар онҳо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, ашёҳои таърихӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ гузошта шудаанд, дидан намуданд. Ҳамчунин, меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ боздид намуда, бо равандҳои анъанавии ҳунармандӣ, аз ҷумла наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, сангтарошӣ ва кулолгарӣ аз наздик шинос шуданд.
Ин боздид ба иштирокчиён таассуроти амиқ бахшида, ҳисси ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ниёгонро дар қалби онҳо боз ҳам қавитар гардонид.
Дар маҷмуъ, Фестивали ҷумҳуриявии “Дӯстии ҷавонон”, ки дар айёми таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида истодааст, ба як майдони воқеии муаррифии фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон табдил ёфтааст. Барномаи рангини фестивал, аз ҷумла боздидҳо аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, мулоқоту суҳбатҳои судманд имконият фароҳам овард, ки иштирокчиён бо дастовардҳо ва анъанаҳои гузаштагон аз наздик ошно гардиданд. Хусусан, боздид аз макони таърихӣ бостонии Хуҷанд , таассуроти амиқ ба иштирокчиён бахшида, ҳисси худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллатро тақвият бахшид. Ин ташаббусҳо дар оянда низ метавонад, нақши бисёр муҳим ва муассир дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон бозанд. Зеро онҳо барои ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва рушди малакаву қобилиятҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд. Илова бар ин, гуруҳи иштирокчиён барои маълумоти пурмазмун, роҳнамоии касбӣ ва муносибати самимии роҳбаладон арзу сипос ва минатдорӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, ин гуна ташаббусҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд.






Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”