Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дастгирии ҳунарҳои миллӣ - барномаи нави грантӣ муаррифӣ шуд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 2 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрии судманди муҳим бо иштироки соҳибкорон ва ҳунармандони мардумӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Иброҳим Иброҳимов – омири кулли муассисаи мазкур оғоз гардид. Мавсуф дар баромади худ нахуст меҳмонон ва иштирокчиёнро самимона хайру мақдам гуфта, аз аҳамияти баргузории чунин вохӯри дар самти рушди соҳибкорӣ ва ҳунармандии миллӣ ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки дастгирии ҳунармандон ва соҳибкорони маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба шумор рафта, ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани малака, муаррифии имкониятҳои нав ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ӯ меҳмононро бо намояндагии лоиҳаи байналмилалӣ шинос намуда, нақши онҳоро дар пешбурди ташаббусҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ махсус таъкид кард.

Иброҳим Иброҳимов инчунин дар бораи моҳият ва ҳадафҳои асосии барнома маълумот дода, қайд намуд, ки ин иқдом барои рушди соҳибкории хурду миёна, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ӯ иштирокчиёнро ба истифодаи самараноки чунин имкониятҳо даъват намуда, изҳори умед намуд, ки натиҷаи вохӯрӣ ба пешрафти фаъолияти онҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар вохӯрӣ намояндаи лоиҳаи рушди соҳибкорӣ аз ҷониби ташкилоти JICA – Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсози лоиҳа дар вилояти Суғд, Азамат Иномзода суханронӣ намуд. Ӯ ба ҳозирин доир ба ҳадаф ва самтҳои асосии лоиҳа, инчунин шарту имкониятҳои дарёфти грантҳои бебозгашт маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки грантҳои пешниҳодшаванда барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна, бахусус  ҳунармандоне, ки ба истеҳсоли маҳсулоти миллӣ ва рушди ҳунарҳои анъанавӣ машғуланд, равона гардидааст. Ин имконият ба иштирокчиён шароити мусоид фароҳам меорад, то ки фаъолияти худро густариш дода, сифати маҳсулот ва рақобатпазирии онро дар бозор баланд бардоранд.

Ҳунармандон ва соҳибкорони ҳозир дар ҷараёни вохӯрӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, вобаста ба тартиби пешниҳоди дархост, меъёрҳои интихоб ва самти афзалиятноки  маблағгузорӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён чунин вохӯриро барои рушди фаъолияти худ муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкорӣ бо ташкилоти JICA дар оянда низ идома ёфта, барои пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДастгирии ҳунарҳои миллӣ - барномаи нави грантӣ муаррифӣ шуд
Scroll to Top