Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сояи роҳат – дар боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ободу зебо гардонидани ҳар ҷузъи муҳити зист яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандагӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳамин замина, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, пайваста бо навгониҳо ғанӣ гардонида шуда, барои истироҳати сокинону меҳмонон шароити беҳтар фароҳам меоварад.

Хусусан, дар доираи тадбирҳои фарҳангию таърихӣ ба муносибати ҷашни 100 – солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, чунин иқдомҳои ободониву созандагӣ аҳамияти хосаро касб менамоянд.

Бале, дар ҳудуди боғи фароғатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва муҳити бароҳат барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд як қатор курсиҳои чӯбин насб карда шуданд. Ин курсиҳои аз нав рангкардашуда дар ҷойҳои сояафкан ва манзараҳои зебо ҷойгир буда, ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки дар фазои орому гуворо нишаста, аз ҳавои тоза ва табиати атроф баҳра баранд. Татбиқи чунин тадбирҳо ба ободу зебо гардидани боғи истироҳатӣ ва болоравии сатҳи  хизматрасонӣ ба мардум мусоидат менамояд.

Ин иқдом дар доираи тадбирҳо бахшида ба соли 2026 – соли вусъат бахшидани ободкорӣ ва созандагӣ амалӣ мегарданд. Бо ташаббус ва саҳмгузории Абдусалом Қурбонзода – директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, якчанд адад курсиҳои чӯбини роҳатнишин бо конструксияҳои махсус муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Курсиҳои насбшуда бо болопӯшҳои зебо, ки ба чатри боронӣ шабоҳат доранд, инчунин бо чароғакҳои рангоранги барқӣ таъмин гардиданд.Ин равшанидиҳандаҳои рангоранг махсусан дар соатҳои шом фазои боғро равшан ва дилфиреб месозанд. Ҳамзамон, атрофи онҳо бо гули мавсимӣ, аз ҷумла гули “глисина”, ки бо шохаҳои печони худ зебо мечаспанд, оро дода шудааст. Ин гулҳои нозуку дилнишин ба муҳити боғи фароғатӣ ҳусни тоза бахшида, онро ба макони боз ҳам ҷолибу диданӣ табдил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур аз ҷониби сокинон бо хушнудии хоса истиқбол гардиданд. Ҳатто мухлисони ҳаваскорони санъат аз ин имконият истифода бурда, бо навохтани асбобҳои мусиқӣ ба муҳити фароғатӣ руҳи тоза мебахшанд. Навои мусиқӣ дар фазои кушоду сояафкан танинандоз гардида, ба истироҳати шаҳрвандон ҳаловати бештар зам менамояд, ки  боғро ба макони воқеии фароғату илҳом табдил медиҳад.

Чунин ташаббусҳо дар самти ободонӣ ва корҳои созандагӣ бозгӯи таваҷҷуҳ ва ҷонибдории роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ буда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити истироҳат ва фароғати шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд. Амалӣ гардидани ин иқдомҳо на танҳо зебову обод гардидани муҳити атроф мусоидат менамояд, балки фазои фарҳангиву фароғатиро ба марҳилаи нав мебарорад. Метавон гуфт, ки татбиқи чунин ташаббусҳои созанда дар боғи истироҳатӣ қадамҳои устувор дар роҳи ободонӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори фароғатӣ ба шумор меравад.

Воқеан, фароҳам овардани шароити замонавӣ ва бароҳат барои истироҳати шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ ба ҳисоб меравад. Чунин тадбирҳои созандагӣ шаҳодати равшани таваҷҷуҳ ва саъю кӯшиш ҷиҳати беҳтар сохтани фазои фароғатӣ мебошад.

Бешубҳа, дар доираи соли вусъат бахшидани корҳои ободкорӣ ва созандагӣ амалӣ гардидани ин гуна иқдомҳо дар оянда низ идома ёфта, барои  зеботару дилфиреб ва таъмини истироҳати шоистаи сокинон заминаи устувори фароҳам хоҳад бахшид.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСояи роҳат – дар боғи фарҳангӣ
Scroll to Top