Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Модарону бонувони азиз!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боиси хурсандиовар аст, ки ҳамасола дар оғози фасли баҳори нозанин, ҷашни мубораки  Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсонро меофарад, шири сафеди пок медиҳад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳраш мепарварад ва аввалин суханҳои самимӣ бо гузоштани қадамҳои устувор ва  бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Имрӯзҳо ҳамагон басо шодем, ки ба кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол боз баҳори нозанин қадам ранҷа намуда истодааст. Хушбахтона аввалин иде, ки ба ин фасли зебои табиат рост меояд, ин ҷашни Рӯзи Модар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занону модарон барҳақ гуфтаанд: “Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – Модар сарчашмаи  меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат  бофта шудааст”.

Таҷлили Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарони азизи мо дар ҷомеа мебошанд. Зан – Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни  башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус, тоҷикон хело баланд мебошад.

Албатта, ҳар кишвару миллат бо занону модарони худ фахр мекунанд, мо низ бо занону модаронамон фахр мекунем. Зеро ҳар як модари тоҷик фарзандашро бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқат таълиму тарбият менамояд.

Ин рӯзи муборак, ки рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба хираду бузургӣ ва азамати Зан – Модар аст, ҳамасола маҳз дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ, оғози эҳёи табиат ва қабои зебои сабз ба бар кардани замин таҷлил мегардад.

Воқеан, мафҳумҳои Зан, Модар ва Баҳор ба ҳам таъам меоянд. Агар зан – модар офарандаи ҳаёт бошад, баҳор табиатро зинда мегардонад.

Модарону бонувони гиромиқадр!

Бо ихлосу муҳаббати бепоён дар Рӯзи модар бо арзу сипос ба заҳмату ирода ва меҳнати беҳамтоятон изҳори минатдорӣ намуда, тани солим, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

 Рӯзи модар муборак!

 Бо эҳтиром, роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии "Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМодарону бонувони азиз!
Scroll to Top