Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши занон дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Нақши зан дар таърихи давлатдории тоҷикон хеле бузург ва арзишманд аст. Занон дар давраҳои гуногуни таърихӣ на танҳо ҳамчун модару тарбиятгар, балки ҳамчун роҳбар, сиёсатмадор, ҳомии фарҳанг ва пуштибони истиқлолу ваҳдати миллӣ баромад кардаанд. Таърихи миллати тоҷик мисолҳои зиёдеро медонад, ки занон дар таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд. Ҳанӯз дар замонҳои қадим занон дар идоракунии давлат ва ҳифзи сарзамин саҳм доштаанд. Аз ҷумла, Томирис маликаи шуҷоъ ва далери сакоиён, Заррина маликаи адолатпарвар ва хирадманд , Маҳастии Хуҷандӣ мисоли латифиву ҷасорат, Розия Озод намунаи босаводиву донишмандӣ ва садҳо дигарон, ки барои ҳифзи истиқлол ва озодии сарзамини худ мубориза бурдаст. Ин занони тоҷик  рамзи ҷасорат, ватандӯстӣ ва роҳбарии зан дар давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдрас шуд, ки дар давраҳои Сомониён ва баъд аз он мавқеъи  занон бештар дар рушду густариши фарҳанг, илм ва тарбияи шахсиятҳои барҷаста, нақши калиди бозидааст. Гарчанде онҳо камтар дар сиёсат намоён буданд, аммо дар тарбияи шоҳон, олимон ва сарлашкарон саҳми бузург гузоштаанд. Модарони донишманду хирадманд ҳамеша пояҳои ахлоқӣ ва маънавии давлатро устувор мекарданд ва хоҳан кард.

Дар даврони Истиқлолият бо дастгирии сиёсати давлатӣ, махсусан бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани мақоми занон, ҷалби онҳо дар идоракунии давлат, таҳсил ва фаъолияти ичтимоӣ шароити мусоҳиб фароҳам оварда шуд. Тибқи маълумоти оморӣ 49,3 фоизи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд ва имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки  занону бонувон дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занони тоҷик дар мақомоти давлатӣ, парлумон, маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳанг фаъолона хизмат намуда истодаанд, ки дар ин матлаб шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода ҷое мефармояд:

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Занон нерӯи бузург ва эҷодкор дар ҷомеа мебошанд. Саҳми онҳо дар рушди фарҳанг хеле муҳим аст. Бо талошу заҳмати занони фарҳангпарвар фарҳанги миллӣ рушд ёфта, ба наслҳои оянда мерос мемонад. Дар сафи занҳои фаъоли мамлакат, саҳми занҳои МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ хеле назаррас буда,  барои рушду нумӯъ ва муаррифии мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳмгузоранд. Боис ба ёдоварист, ки МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” яке аз муассисаҳои бонуфузи вилоят ба ҳисоб рафта, беш аз 160 нафар  дар ин ҷо кору фаъолият мебаранд, ки аз он 70 фисадашро занҳо ташкил медиҳанд. Занҳои муассиса дар вазифаҳои гуногун: ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ, мудирони шӯъбаҳо, ки аксар зан мебошанд, кормандони илмӣ, муҳосибот, шӯъбаи кадр, шӯъбаи хадамот, роҳбаладон, нозирони толор, оростакорону боғбонон, бо рафтори намунавӣ ва фарҳанги баланд муҳити хуби кориро ба вуҷуд меоранд. Занҳои  фаъол метавонанд, барои пешрафти кори умумӣ кӯмак расонида, муассисаро ба сатҳи баланд бардоранд. Аз тарафи занҳои муассиса барои ҷамъоварии экспонатҳо, ҳифзу нигаҳбонии онҳо, навиштани шиносномаҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ барои рӯзномаву маҷалла ва сомонаи муассиса, ташкил ва баргузор намудани намоиш, вохӯрӣ, конфронсҳои илмиву адабӣ, гузаронидани сайри илмӣ барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ва дигар корҳои назаррас ба анҷом мерасад, ки кори на он қадар осон буда, масъулиятшиносиву дилсӯзиро талаб менамояд. Барои тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани осорхонаву толорҳои намоишӣ ва гирду атрофи муассиса саҳми оростакорону боғбонон хеле калон мебошад.

Зани доно ва босавод барои ҷомеа бисёр фоидаовар аст. Дониш ва ҷаҳонбинии васеъ ба зан ёрӣ медиҳад, ки фарзандони тарбиятдида ба воя расонад ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад. Зани босавод метавонад барои дигарон намунаи ибрат гардад. Хушбахтона дар қатори занҳои маҷмаа сафи чунин занҳои кордону пешсаф зиёд буда, пайваста аз тарафи муассисаву ҳукумат қадрдонӣ мегарданд. Мисоли равшани он муаллима азиз Мирзоева Иноят Пулатовна мебошанд, ки дар давоми фаъолияти кориашон ба садҳо тамошобинони ватаниву хориҷии сатҳашон гуногун аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик маълумот дода, шогирдонашонро дар рӯҳияи ватандӯстиву пос доштани осори ниёгон тарбия намудаанд. Ҳамчунин шаш нафар занҳои фаъоли маҷмаа, барои хизматҳои шоистаашон дар соҳаи осорхонашиносӣ бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидаанд, ки инҳо Мирзоева И., Олимова Н, Хоҷаева М.,  Муйдинова З., Мамадҷонова М. ва Сайфиева Ш. мебошанд, ки ин ҳам фахри муассиса мебошад.

Бояд зикр намуд, ки занҳои муассиса ҳамроҳи мардон дар як саф истода, барои рушду нумӯъ ва ободии  ин мавзеъ, пешравии корҳои таблиғотию нашриётӣ, муаррифию тадқиқотӣ камари ҳиммат бастаанд. Аз тарафи занҳо-кормандони илмии маҷмаа корҳои илмӣ тадқиқотӣ  на танҳо дар худи муассиса, балки ба дигар осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят расонида мешавад, ки ин ёрии методӣ низ  аз дониши васею қобилияту ободию пешравии кордонии онҳо шаҳодат медиҳад.

 Имрӯзҳо мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои зебои сол қарор дорем. Ҳамасола санаи 8 - март иди байналмиллалии занҳо ҷашн гирифта мешавад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 3 ноябри 1995 № 98 номгузории “Рӯзи байналхалқии занон”ро ба “Рӯзи модар” иваз намуд. Ин албатта бесабаб нест. Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедории табиат,  яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва маҳзари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ҳамкасбони азиз, занону бонувони зебои маҷмаа, ҳамаи шумоёнро, ки дар ниҳоди худ модарони ғамхору дилсӯз ва меҳвари тобони оилаи худ мебошед, аз фурсати муносиб истифода бурда, бо ин санаи муҳим муборакбод бигӯям ва месазад, ки дар ин рӯзҳои хотирмон нисбати якояки шумоён чанд суханҳои зеборо арзонӣ дорам. Зеро дар ҳақиқат арзандаи чунин сатрҳо ҳастед.

Шумоён чароғи хонадон, гармии дил ва нури зиндагӣ ҳастед, бо шумоён зиндагӣ рангу маъно мегирад, меҳрубонии шумоён мисли офтоб аст, ки ҳамеша нур мебахшад ва дилҳоро гарм мекунад. Шумоён дорои сабру таҳаммуле ҳастед, ки дар ҳамаи душвориҳои зиндагӣ устувор мемонед. Бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунед ва қалби поки шумоён ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.  Бо суханони ширинатон дилҳоро шод менамоед. Бигзор бо ин хислатҳои наҷибатон ҳамеша азизу гиромӣ бошед, зеро дунё бо вуҷуди шумоён зебост.

Дилором Саидова – корманди илмии

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши занон дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг
Scroll to Top