Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хуҷанд - мизбони барномаи машҳури “Ошпазҳо дар рӯйи чархҳо”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаҳои 4 – 5 – 6 марти соли 2026 гуруҳи эҷодии барномаи маъруфи   шабакаи якуми телевизиони Федератсияи Русия, устодони касбии ошпазӣ ва ситораҳои кулинарии “Ошпазҳо дар рӯйи чархҳо” ( Повара на колесах ) бо сафари эҷодӣ ба вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд. Ба ҳайати гуруҳи  эҷодӣ продюсери барномаи мазкур Анна Маркарян, инчунин якчанд наворбардорон ва ошпазони касбии ботаҷриба шомил буданд.

Барномаи мазкур яке аз лоиҳаҳои байналмиллалии маъруфи шабакаи телевизонӣ буда, он шакли тур – кулинарӣ дорад, ки дар он ошпазҳои касбӣ ба кишварҳои гуногун сафар намуда, бо таърих, фарҳанг ва махсусан бо анъанаҳои  фарҳанги  пухтупазӣ таомҳои миллии маҳаллӣ шинос мешаванд. Онҳо аз маҳсулоти маҳаллӣ истифода бурда, таомҳои беҳтарин  ва ҷолибро омода  мекунанд.

Дар доираи  сафари эҷодии барномаи навбатӣ  дар назди даромадгоҳи “Қалъаи таърихии Хуҷанд” – Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  бо анъанаи қадима ва меҳрубононаи мардуми тоҷикон  бо “нону намак” пешвоз гирифта шуданд. Ин маросим , ки рамзи меҳмоннавозӣ ва эҳтироми меҳмонон ба шумор меравад, гувоҳи гармии табиати тоҷикон ва эҳтироми онҳо ба анъанаҳои ниёгон мебошад. Дар ин ҷашнвора меҳмонон, на танҳо эҳсоси гарми истиқбол  гирифтанд, балки бо фарҳанг ва суннатҳои қадимии Хуҷанд шинос шуданд. Ҳайати гуруҳи меҳмонон  аз Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки яке аз рамзҳои муҳими таърихии шаҳр ба шумор меравад, боздид ба амал оварда, бо Мутрибахон Мамадҷонова – роҳбалади ботаҷриба аз толорҳои намоишӣ сайри илмӣ анҷом дода ва наворҳои махсус таҳия намуданд. Маконҳои нодири фарҳангию таърихии бостонӣ, ки таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро нигоҳ медоранд, барои сабти барномаҳои наву  ҷолиб муҳити зебо, тамошобоб ва муносиб фароҳам оварданд.

Бахши дигари барнома, дар ҳавлии ҳунармандони мардумӣ рӯйи кор омад. Дар ин ҷо гуруҳи меҳмонон бо ҳунарҳои анъанавии мардумӣ, аз қабили наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, сангтарошӣ ва дигар намудҳои ҳунармандӣ шинос шуда, аз маҳорати ҳунармандон сабти навор омода намуданд.

Ҳамзамон, қисми муҳими барнома дар чойхонаи “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид. Дар ин макон ошпазони касбии барномаи эҷодӣ Александр Кучеров ва Дмитрий Голенин аз бозорҳои маҳаллӣ ва маҳсулотҳои дастрасшуда  истифода бурда, таомҳои миллӣ тоҷикона, аз ҷумла оши палов ва қурутоб омода намуданд. Раванди пухтани таомҳои миллӣ дар фазои анъанавии тоҷикӣ сабт гардида ба барнома рангу бӯйи хоси миллӣ бахшид. Меҳмонон ва иштирокчиён тавонистанд, раванди  пухтупази ошпазҳоро аз наздик тамошо кунанд. Ин  чорабинӣ фазои идона дошта, барои дӯстдорони фарҳанги таомпазӣ хеле ҷолибу хотирмон буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки наворбардории ин барномаи мазкур имконият фароҳам овард, ки тамошобинони зиёд, на танҳо бо санъати пухтупаз, балки бо фарҳангу таърих, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозии мардуми тоҷик шинос хоҳанд гашт.

Дар идомаи барномаи эҷодии  рӯзи дигар чорабинии ҷолиб дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Ин макони зебо дар даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд ҷойгир буда, яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Дар ин барномаи эҷодӣ автомашинаи рангорангини  махсуси ошпазхона  бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии пухтупаз муҷаҳҳаз гардида буд, ба намоиш гузошта шуд. Ошпазҳо бо истифода аз ин ошхонаи сайёр дар назди тамошобинон раванди омода намудани таомҳоро нишон доданд.  Дар ин ҷо ошпазҳои моҳир бо истифода аз маҳсулотҳои тару тозаи маҳаллӣ  барои сокинон таомҳои болаззат омода намуданд. Онҳо пироги гӯштӣ ва дисерти ширинро бо маҳорати баланд ва риояи қоидаҳои пухтупаз тайёр карданд. Бӯйи хуш ва таъми лазизи ин таомҳо диққати шаҳрвандонро ҷалб намуд. Тамошобинон бо шавқу рағбат дар ин чорабинӣ, на танҳо шоҳиди раванди пухтупаз гардиданд, балки имконият пайдо карданд, ки бо ошпазҳо суҳбат намоянд ва дар бораи сирру асрори тайёр кардани таомҳо маълумоти бештар гиранд. Вақте ошпази моҳири барномаи мазкур Дмитрий Голенин бо мардум мулоқот анҷом дод, он таассуроти худро аз сафараш ба кишвари Тоҷикистон баён намуд. Аз ҷумла, гуфт, ки  кишвари Тоҷикистон 129 – умин кишвар дар сафари барномаи телевизонӣ “Ошпазҳо дар рӯйи чарҳо” мебошад. Ӯ бо хушнудӣ ёдовар шуд, ки вақте гуруҳи эҷодӣ аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд сафар баромадем, моро манзараҳои нотакрори  кӯҳистон пешвоз гирифт. Кӯҳҳои осмонбӯс, табиати сабзу хуррам, чашмаҳои обшорон ва ҳавои тоза  эҳсоси нав бахшид. Ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон кишварест, ки дар он маҳсулотҳои табииву тару тоза хело фаровон аст. Меваҳои рангорангу сабзавотҳои болаззат, гӯштҳои хушсифат, гиёҳои хушбӯй ва дигар неъматҳои табиат барои омода намудани ҳар гуна таомҳо имконияти зиёд фароҳам меоваранд. Барои ошпазон ин хеле муҳим аст, зеро маҳз маҳсулоти табиӣ таъми аслии таомҳоро беҳтар месозад.

Инчунин, ҳангоми суҳбат бо сокинони шаҳр ошпази ботаҷрибаи барномаи эҷодӣ Александр Кучеров низ таассуроти худро аз сафар намудан ба шаҳри Хуҷанд баён кард. Ӯ гуфт, ки аз ҳама бештар барои ман дарёи Сир, ки аз миёни шаҳри қадимаву зебои Хуҷанд ҷорӣ мешавад, хеле писанд омад. Ба гуфти ӯ манзараи дарё, соҳилҳои орому сабз ва ҳавои тоза ба инсон эҳсоси оромӣ мебахшад, маро мафтун кард. Александр Кучеров ҳамчунон бо шавқ нақл кард, ки аллакай ман имкон пайдо намуда бо қайиқ ( байдарка) савор шудам ва дар рӯйи оби дарё ҳаловат бурдам.Ӯ гуфт, ки шино кардан дар рӯйи қайиқ яке аз машғултарин ва дӯстдоштаи ман мебошад, зеро ба ман имконият дода шуд, ки дар рӯйи об табиатро аз диди дигар бо ороми эҳсос намоям. Сайру гашт дар боғи истироҳатӣ дар назди дарёи Сир таассуроти фаромӯшнашаванда бахшид ва ин лаҳзаҳо яке аз хотираҳои зеботарини сафари эҷодиам ба шаҳри Хуҷанд хоҳад буд.

Ин чорабинӣ дар фазои шодиву хурсандӣ баргузор шуда, барои ҳозирин як барномаи фароғатӣ ва ҳамзамон омӯзишӣ гардид. Метавон гуфт, ки дар байни иштироккунандагон меҳмони хориҷӣ Оскар Шлахт аз кишвари Олмон низ иштирок намуд. Ӯ аз чунин барномаи мазкур хеле хушҳол гардида, изҳор дошт, ки барои ман дар ин барномаи эҷодӣ вохӯрии тасодуфӣ ва хотирмон буд. Ба гуфтаи ӯ ташриф ба шаҳри Хуҷанд имконият фароҳам овард, ки бо фарҳанг, меҳмоннавозӣ ва анъанаҳои ғании мардум аз наздик шинос шавад. Меҳмон махсусан аз табиати зебо ва нотакрори шаҳри қадима, инчунин ва фазои дилнишини фасли баҳор, ки ба ин чорабинӣ ҳусни дигар мебахшад изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳадафи асосии барномаи эҷодии “Ошпазҳо дар рӯйи чархҳо” ин нишон додани  сарватҳои  гастрономии гуногуни  минтақаҳо, фарҳанг ва таърихи таомҳои маҳаллӣ, ҳамзамон омӯхтани анъанаҳои пухтупази гуногунрангини таомҳои миллӣ мебошанд. Ба ин васила тамошобинони телевизион бо анъанаҳои кулинарии миллатҳои мухталиф шинос мегарданд. Сафари гуруҳи эҷодии барномаи “Ошпазҳо дар рӯйи чархҳо”, ба шаҳри бостонии Хуҷанд боз як имконияти хуб гардид, то ки фарҳангу таърих, меҳмоннавозӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ, истифода аз барномаҳои  ҷадид ба  тамошобинони  кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ карда шаванд.

Қобили зикр аст,  ки ташрифи чунин барномаҳо ва чорабиниҳои  байналмилалӣ дар кишвари Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Хуҷанд, барои рушди туризми фарҳангӣ мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр, сафари расмии барномаи эҷодии гуруҳи шабакаи якуми телевизони Федератсияи Русия “Ошпазҳо дар рӯйи чархҳо”, на танҳо як чорабинии шавқовар буд, балки  иқдоми муҳим дар самти муаррифии фарҳанг ва таомҳои миллии тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон,  иштирок ва инъикоси чунин барномаҳо дар шабакаҳои телевизонӣ имконият  фароҳам меорад, ки фарҳанг, урфу одат ва таомҳои лазизи тоҷикӣ ба тамошобинони кишварҳои гуногун муаррифӣ гардида, обрӯ ва нуфузи таъриху фарҳангӣ бойи тоҷиконро дар арсаи байналмиллаӣ боз ҳам боло мебардорад.

Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХуҷанд - мизбони барномаи машҳури “Ошпазҳо дар рӯйи чархҳо”
Scroll to Top