Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сарчашмаи ҷаҳонанд, модарон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар - худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем. 

Зан – модар мисли баҳор, пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, ба оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад. 

Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз аз ҳама, шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мост. 

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд:

Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадмандону фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Дар ақсои олам сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамояд.

Санаи 06 марти соли равон тибқи нақшаи Осорхонаи таъхрихии вилояти Суғди МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд" дар маҷлисгоҳи “Қалъаи Хуҷанд” вохӯри бахшида ба Рӯзи Модар бо занони фаъоли шаҳру вилоят таҳти унвони “Сарчашмаи ҷаҳонанд, модарон ” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли муассиса И.Иброҳимов оғоз гардид. Дар чорабинии имрӯза Салимабону Каримова – ҳунарманд, дорандаи мукофоти давлатӣ “Хизмати шоиста”, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи ҳунармандони вилояти Суғд”, гирандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, Баҳроми Раҳматзод – шоир, директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сабрина Маҳмадраҷабзода – омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд” – и “ДБССТ” ва намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Инчунин дар чорабинӣ сарояндаи мумтоз Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ниёзов иштирок карда бо суруду таронаҳои ҷаззоби худ таъби ҳозиринро болида гардониданд.

Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Занону модарони тоҷик, дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд, бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд.

Нақши зан - модар махсусан дар тарбия омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад, қайд кардаанд роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар чорабини намоиши ҳунарҳои даститии ҳунарманд – Каримова Салимабону ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҳунари волои халқи тоҷик дарак медиҳад.

Дар фарҷоми чорабинӣ гуфторҳо дар васфи зан – модар аз ҷониби ҷавонони МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”қироат карда шуд.

Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСарчашмаи ҷаҳонанд, модарон
Scroll to Top