Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Диди кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба истиқболи таъсисёбии ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғдӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар толори маҷлисгоҳ бо ҳайати  муҳаққиқон, собиқадорони меҳнат, мудирони шуъбаҳои мухталиф  ва кормандони муассисаи мазкур машварати шӯрои тадорукоти ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар ифтитоҳи суханрони Иброҳим Иброҳимов – омири кулли муассисаи мазкур, таъкид намуд, ки осорхонаи таърихӣ бояд ҳамқадами замон бошад ва бо истифода аз усулҳои нав фаъолияти худро пеш барад. Ин муассиса бояд на танҳо мақоми таърихиро ҳифз менамояд, балки рисолати фарҳангӣ ва таърихии худро боз ҳам густариш диҳад.

Дар ҷараёни машварати корӣ оид ба таҷлили пешвозгирии 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, роҳбарони ҳайати гуруҳи корӣ доир ба рафти иҷроиши корҳои омодагӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон масъалаи  таҳияи маводҳои илмӣ – тадқиқотӣ, пӯшидани либосҳои ягонаи миллӣ, омода намудани видео - роликҳо, каталогу буклетҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки барои ҷалби  доираи васеи меҳмонон, аз ҷумла  олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ, корҳои ташкиливу иттилоотӣ тақвият дода шаванд.

Диди аҳли кормандони муассиса ин аст,ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар фаъолияти минбаъда ҳамкории муштарак бо муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишкадаҳои олӣ бештар густариш ёфта истодааст. Дар ин самт созишномаҳои тарафайн ба имзо расида, шароит фароҳам меоранд, ки машғулиятҳои илмӣ – амали доир ба забонҳои хориҷӣ ва барномаҳои мухталиф барои донишҷӯён роҳандозӣ шаванд. Ин иқдом  на танҳо рушди малакаҳои донишҷӯёнро таъмин  мекунад, балки сатҳи ҳамкории муассисаи мазкур ва таҳсилотро мустаҳкам месозад. Диди дигар ин тарбияи насли нави осорхонашиносон, таърихшиносону фарҳангшиносон мебошад, ки бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносӣ рисолати ниёгонро идома диҳанд. Тамоми кормандон умед доранд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  дар оянда низ ҳамчун  мактаби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва фарҳангпарварӣ  хизмат хоҳад кард. Ба боварии онҳо, агар мо  мероси гаронбаҳои гузаштаро бо эҳсоси масъулият ҳифз намоем ва онро бо забон, тафаккур ва воситаҳои замони муосир бояд ба насли ҷавонон расонем. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд на танҳо имрӯз, балки дар оянда низ ҳамчун чароғи роҳнамои маънавии ҷомеа, мактаби худшиносӣ ва оинаи таърихи миллат боқӣ хоҳад монд.

Дар ҷамъбасти идомаи машварати корӣ  Иброҳим Иброҳимов қайд намуд, ки ба муносибати  ҷашни 100- солагии осорхонаи таърихӣ китоби ҷадид бояд  бо тамоми ҷузъиёташ нашр гардад. Ин нашр на танҳо ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ ва манбаи илмӣ барои пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон хизмат хоҳад кард, балки  барои хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг имкон фароҳам меорад, ки дар оянда низ бо мероси  осорхонаи таърихӣ ошноӣ пайдо намоянд. Ӯ таъкид намуд, ки нашри китоб бояд барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда ҳамчун як сарчашмаи бойи  таълимӣ ва фарҳангӣ хизмат расонад, то хонандагон ва дӯстдорони мероси таърихӣ бо арзишҳои осорхонаи таълимӣ ошноии амиқ пайдо кунанд ва осорхонаи таърихӣ ҳамеша чун маркази муҳими таърихию фарҳангӣ нақши худро иҷро намояд.

Валӣ Набизод- котиби маркази  иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДиди кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top