Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тантанаи идона ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 33- солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозону афсарон ва сокинони шаҳр дар фазои тантанавӣ доир шуда, рамзи садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба хизмати  содиқонаи ҳомиёни марзу буми кишвар мебошад.

Дар қисмати фарҳангии барнома ҳунармандони шинохтаи санъат ва фалакхонони маҳаллӣ бо иҷрои таронаҳои ватандӯстона ва сурудҳои дилнишин руҳияи ҳозиринро болида гардониданд. Суруду оҳангҳои тараннумгари сулҳу субот, истиқлолу ваҳдат ва ифтихори миллӣ фазои идонаро ранги дигар бахшид.

Ҳамзамон, сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Суғд, дар садои мусиқии даъваткунанда намунаҳои машқҳои  тактикӣ ва омодабошии ҷангиро ба намоиш гузоштанд. Намоиши маҳорати ҳарбӣ, ҳамоҳангии дақиқ ва интизоми намунавӣ аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва руҳияи устувори хизматчиёни ҳарбӣ дарак медод. Тамошобинон ин  барономаро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.

Чорабинии идона бори дигар собит сохт, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату  миллат дар ҳифзи амнияту суботи кишвар нақши  муҳим дошта, ҷавонони шуҷоъ идомадиҳандаи анъанаҳои неки ватандорӣ мебошанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТантанаи идона ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар боғи фарҳангӣ
Scroll to Top