(Бахшида ба 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)
Дар ҷомеа шахсиятҳое ҳастанд, ки бо заҳмати содиқона, масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарашон дар рушди илму фарҳанг нақши ҷиддӣ ва мондагор мегузоранд. Хизматҳои онҳо ба пешрафти илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маърифат дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Ба ибораи дигар чунин шахсиятҳо ҳастанд, ки бо корҳои фидокорона ва саҳми арзандаашон арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаро зинда нигоҳ медоранд.
Яке аз чунин шахсиятҳо собиқадори меҳнат устод, Икром Турсунов мебошад, ки умри худро дар омӯзиш, тарбия ва ҳифзи мероси таърихии осорхона бахшидааст.
Турсунов Икром аз ҷумлаи шахсиятҳои фидоиест, ки фаъолияти пурсамару пурифтихораш ба соҳаи маорифу фарҳанги кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ 24- декабри соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ ба илму маърифат ва омӯзиши таърих таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.Баъд аз хатми мактаби миёнаи №17- и шаҳри Хуҷанд, соли 1973 ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд ( алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ) дохил гашта, онро соли 1977 бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Солҳои 1977- 1998 ӯ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ( собиқ ноҳияи Хуҷанд) ҳамчун омӯзгори фанни таърих дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад. Дар ин давра садҳо шогирдони ӯ ба камол расида, зери роҳбарии ӯ на танҳо донишҳои илмӣ, балки арзишҳои волои инсонӣ низ омӯхтанд. Ӯ дар қалби онҳо муҳаббати самимӣ ба Ватан, эҳтиром ба гузаштаву мероси ниёгон ва ҳисси баланди худшиносии миллиро парвариш намудааст. Шогирдонаш маҳз бо шарофати ин тарбия ҳамчун шахсиятҳои огоҳ, ватандӯст ва масъули ҷомеа ба камол расидаанд.
Фаъолияти минбаъдаи Икром Турсунов бо соҳаи таърих, фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихӣ пайванди зич пайдо мекунад. Ӯ ҳамеша кӯшиш намудааст, ки донишу таҷрибаи худро дар самти нигоҳдорӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ғанӣ гардонад. Дар солҳои 1998 – 2006 Икром Турсунов ба ҳайси нозир ( назоратчӣ) дар боғи фарҳангию фаоғатии ба номи Садриддин Айнии ширкати ҶДММ –и “Муҳайё”, дар шаҳри Бӯстон ( собиқ Чкаловск) фаъолият бурдааст. Дар ин давра ӯ дар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, корҳои тарбиявию маърифатӣ ва нигоҳдории боғи истироҳатӣ фаъолона иштирок намуда, таҷрибаи амалии худро боз ҳам такмил медиҳад. Фаъолият дар чунин муҳити фарҳангӣ ба ӯ имконият фароҳам овард, ки бо аҳли фарҳанг, дӯстдорони таърих ва табақаҳои гуногуни ҷомеа робитаи зич барқарор намуда , ҷаҳонбинии касбии худро ғанӣ гардонад.Маҳз ҳамин таҷрибаҳо заминаи мустаҳкам барои идомаи фаъолияти ӯ дар соҳаи таърих, фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихӣ гардиданд.
Моҳи октябри соли 2006 ба тариқи озмун ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба сифати корманди илмӣ ба кор қабул мешавад.Аз моҳи июни соли 2013 то январи 2018 ба ҳайси мудири шуъбаи таърихи давраҳои қадим, асрҳои миёна ва нав адои вазифа намудааст.
Бо мақсади сайқал додани дониш ва боло бурдани маҳорати касбӣ Икром Турсунов, дар солҳои 2014- 2017 пайваста дар курсҳои даврии такмили ихтисос дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намуда, онро бо муваффақият бо равияи корманди осорхона хатм намудааст. Ин давраи омӯзишӣ ба ӯ имкон фароҳам овард, ки донишу таҷрибаи касбии худро дар самти осорхонашиносӣ, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ боз ҳам ғанӣ гардонад. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш оид ба баҳогузорӣ ва азнавсозии экспозитсияҳои осорхона, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, бостоншиносӣ, тарзи тартиб додани тавсифҳои илмӣ ва ашёҳои таърихии нав ба осорхона ворид гардида , ташкил ва нашри маҷмуаи “Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд” чун мутахассиси касбӣ саҳми муносиб гузоштааст.Маҳз ҳамин донишҳои муосир дар фаъолияти минбаъдаи ӯ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, самараи назаррас дода, сифати корҳои илмӣ, маърифатӣ ва ташкили ба сатҳи баланд бардошта шуданд.
Зери роҳбарии ӯ корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои мухталиф баргузор мегардиданд.
Устод Икром Турсунов то соли 2020 дар ин макони муқаддаси таърихию фарҳангӣ бо садоқат, масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқона фаъолият намуда, худро барои ҳифз ва муаррифии таърихи миллӣ равона месозад. Пас аз солҳои тӯлонии хизматҳои босамар ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи таърих, фарҳанг ва осорхонашиносӣ номбурда ба нафақаи меҳнатӣ мебарояд.
Барои хизматҳои арзанда ва саҳми шоёни устод Икром Турсунов дар рушди илму фарҳанг, соли 2016 ӯ бо унвони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Ғайр аз он, барои заҳматҳои содиқона ва дастовардҳои пайвастааш бо чандин сипоснома ва ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги вилоят ва мақомоти маҳаллӣ қадрдонӣ мегардад. Ин сарфарозӣ ва эътирофҳои расмӣ на танҳо шинохти хизматҳои арзандаи ӯ ба ҷомеа ва фарҳанг аст, балки намунаи ибрат ва илҳом барои мутахассисони ҷавон дар талошҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз даҳҳо шогирдону пайравони мактаби касбии ӯ дар соҳаҳои маориф,таърих, фарҳанг ва осорхонаи таърихӣ фаъолият доранд, ки худи ӯ низ ҳамчун шахси таҷрибадор дар омодагӣ ба ҷашни таъсисёбии 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, чун ҳайати аъзои Шӯрои илмӣ – маърифатӣ саҳми маънавию машваратии худро мегузорад.
Фаъолияти пурмаҳсули устод Икром Турсунов намунаи равшаниибрат барои аҳли кормандони осорхонаи таърихӣ ба шумор меравад. Ӯ бо заҳмати содиқона, масъулияти баланд ва садоқат ба касби хеш дар рушди илму фарҳанг саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз устод дар ҳалқаи дӯстону пайвандон даврони пириро бо оромиву сарбаландӣ паси сар намуда, ҳамзамон робитаи худро бо муҳити касбии осорхона зич нигоҳ медорад. Иштироки пайвастаи устодИкром Турсунов дар чорабиниҳои фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, далели равшани эҳсосоти самимӣ ва ҳамешагии муҳаббат ва эътиқодаш ба таърих, фарҳанг ва мероси ниёгон мебошад. Ҳузур ва иштирок дар маҳфилҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ аз сатҳи баланди худогоҳии касбӣ ва муносибати масъулона ба рисолати ҳифзу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ гувоҳӣ медиҳад. Фаъолияти ӯ дар ин самт на танҳо ифодаи ҳавасмандии шахсӣ, балки нишондиҳандаи равиши устувор ва мақсаднок дар рушди осорхонаи таърихӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин шахсиятҳо дар ташаккули муҳити солими илмӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Маҳз тавассути таҷриба, дониш ва ҷаҳонбинии касбии худ, устод Икром Турсунов барои ҳамкорон ва махсусан мутахассисони ҷавон намунаи ибрат ба ҳисоб рафта, онҳоро ба омӯзиши пайваста, таҳқиқи амиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба нигоҳубини мероси фарҳангӣ раҳнамоӣ менамояд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”