Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намунаи ҳавлии тоҷир – ойинаи зиндагии ниёгон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар тӯли асрҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ташаккул ёфта, анъанаҳои нодири меъморӣ таҷассум ва ҳамчун пайванди гузашта ва имрӯз хизмат намуда истодааст.

Қайд намуд , ки Қалъаи таърихии Хуҷанд яке аз чунин макони ганҷинаест, ки дар худ симои хотироти зиндагӣ, таъриху фарҳанг ва ҳунари ниёгони миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди қисмати Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намунаи ҳавлии тоҷир дар радифи дигар ҳавлиҳои ҳунармандӣ мардумӣ , бозгӯи тарзи зиндагии  мардуми гузаштаро дар худ ҳифз мекунад, бунёд ёфтааст.  Қалъаи таърихии Хуҷанд имрӯз на танҳо як ёдгории хомӯшии гузаштагон нест, балки маскани зиндаи таърих, ки аз ҳунари ҳунармандони  мардумӣ, таъриху фарҳанг, урфу одат, анъанаҳои ҷаҳонбинии ниёгони миллати тоҷикро қисса менамояд.

Воқеан,   намунаи ҳавлии тоҷир бо тамоми нақшу нигори меъмории суннатии тоҷикона эҳё гардида , ҳамчун бахши  муҳими таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб мекунад. Ин намунаи ҳавлии тоҷир бо назардошти хусусиятҳои меъмории анъанавии асрҳои гузашта қомат афрохта , тарзи зиндагии  тоҷирону сарватмандони он давраро дар бар мегирад. Деворҳои берун ва даруни хонаҳо бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда аз ду қисмат иборат буда , айвонҳои сутундор, дару тирезаҳои кандакоришуда аз завқи баланди ҳунармандони мардумии ниёгони гузашта шаҳодат медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони худ ҳар як тоҷир ё сарватманд мекӯшид, ки хонаи  ӯ на танҳо  макони зист , балки рамзи мақом  аз ҷиҳати иҷтимоӣ бояд аз ҳама баланд бошад.

Аз ин рӯ, дар даромадгоҳ ва хонаи шифти баланди боҳашамат ашёҳои пурарзиши рӯзгор, қолинҳои дастибоф, зарфҳои мисин ва сафолӣ, сандуқҳои кандикоршуда, кӯрпаву кӯрпачаҳои махмалин, патефон, қандилу лампаҳои керосинӣ, лавозимотҳои гуногуни рӯзгор ва дигар ҷиҳозҳои нодир ҷой дода шудааст. Инчунин, тоҷирон барои рафтуомад аз аробаҳои махусус, аз ҷумла  извош ( фойтун ) истифода мебурданд, ки нишонаи дороӣ ва мавқеи баланди иҷтимоии онҳо ба ҳисоб мерафт. Ин гуна аробаҳо одатан  бо аспҳо кашида шуда, барои сафарҳои дароз ё ҳаракат  дар дохили шаҳр хеле қулай буданд.Дар манзилҳои зист тоҷирон бошад, чанд нафар  хизматгорон фаъолият мекарданд. Ҳар яке аз онҳо  вазифаи мушаххаси худро доштаанд. Ин тарзи аз ташкили зиндагӣ ва имкониятҳои иқтисодии тоҷирон шаҳодат медод.

Қобили зикр аст, ки намунаи ҳавлии тоҷир , имрӯз ҳамчун як макони таърихӣ барои тамошобинон хизмат мекунад, ки ҳар бинанда метавонад аз он дар бораи тарзи зиндагӣ фарҳанги рӯзгордорӣ, одобу ахлоқи маърифатӣ, сатҳи таъриху фарҳанг ва аз муносибатҳои иҷтимоии гузаштагон маълумот бигирад.

Алҳол, дар остонаи таҷлили таъсисёбии ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қарор дорем, ки сад соли пуршараф дар хидмат ба ҳифз, тарғиби таърихиву фарҳанги миллатро таҷассум мекунад. Дар ин муддати якасра осорхонаи таърихӣ тавонистааст, мероси гаронбаҳои гузаштагони миллати тоҷикро ҳифз намуда ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.

Дар маҷмуъ, ҳавлии тоҷир на танҳо як бинои истиқоматӣ, балки оинаи  таърихи зиндагии ниёгон, фарҳанг ва тафаккури мардуми тоҷик мебошад, ки барои  баланд бардоштани худшиносии миллӣ аҳамияти хоса дорад.

Азимова Мадина- роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамунаи ҳавлии тоҷир – ойинаи зиндагии ниёгон
Scroll to Top