Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонони фахрӣ- ойнаи эҳтиром ба таъриху фарҳанг

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, аксари осорхонаҳо ва муассисаҳои таърихиву фарҳангӣ  анъанаи нигоҳдории китобҳои мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ”-ро доранд, ки дар он таассурот, андеша ва орзуҳои меҳмонони воломақом сабт мегарданд. Аз ҷумла, чунин китобҳо дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд мавҷуд буда, онҳо ҳамчун манбаи  арзишманди таърихӣ ва фарҳангӣ хизмат мекунанд. Ҳангоми боздиди расмӣ ва маконҳои таърихӣ меҳмонони фахрӣ, олиқадр ё хориҷӣ тавассути он хотироти неки худро соядаст мекунанд, ки онҳо ҷузъи расмии маросимҳо ва боздидҳои расмӣ дар муассисаҳои фарҳангро дар бар мегиранд. 

Қобили зикр аст, чунин китобҳои фахрӣ одатан асаре ба фурӯш ё паҳнкунанда дар китобхонаҳои умумӣ нестанд, балки саҳифаҳое мебошанд, ки меҳмонони фахрӣ хотироти хешро ёддошт мекунанд, ки ҳамчун манбаи алоҳида дар муассисаҳои фарҳангӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Метавон гуфт, ки китоби мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ”  то ин  замон дар шакли мушаххас вуҷуд надошт. Яъне , ин асари китобӣ ҳамчун як маҷмуаи  алоҳида  ва расмӣ қаблан таҳия нагардида, маҳз ҳоло барои нахустин бор бо чунин шакл ва мазмун рӯи кор омадааст. Он китоби махсус  мебошад, ки дар осорхонаҳо ва муассисаҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд ва дигар осорхонаҳои кишвар , маҳз барои меҳмоноии фахрӣ таъсис дода шудааст. Дар ин китоб шахсиятҳои маъруф, намояндагони ҳайатҳои расмӣ, олимон, аҳли таъриху фарҳанг ва сайёҳони воломақом таассурот , андеша ва ниятҳои  худро вобаста ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои мероси миллӣ сабт менамоянд, ки он имрӯз ҳамчун ҳуҷҷати арзишманди хотиравӣ маҳфуз мебошад. Он на танҳо як китоб, балки шаҳодати зиндаи эҳтиром ба ойинаи таъриху фарҳанг,тамаддун ва ҳувияти миллӣ аст.

Бояд гуфт, ки ҳар як  соядаст дар китоби фахрӣ нишонаи таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва нақши осорхонаҳо ҳамчун маркази муҳими ҳифзу муаррифии мероси таърихии миллат арзёбӣ мегардад. Чунин сатрҳои навиштаҷоти меҳмонони фахрӣ, ҳамчун ёдгорӣ маънавӣ дар хазинаи муассисаи фарҳангӣ барои наслҳои оянда боқӣ мемонад.

Дар маҷмӯъ, таҷлили 100- солагии  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ҳамчун як ниҳоди муҳими таърихиву фарҳангӣ, ки тӯли як аср пайвандгари  гузашта,имрӯз ва фардо мебошад, рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Ин ҷашн на танҳо нишонаи  арҷгузорӣ ба мероси ғании таърихӣ  ва фаъолияти пурсамари осорхона аст, балки  бозгӯи нақши он дар ҳифз ва тарғиби  арзишҳои миллӣ низ маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин замина, китоби мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ ҳамчун саҳифаи  нави таърихӣ дар фаъолияти осорхона барои сабти хотира ва таассуроти меҳмонони воломақом, ки ба ин маконҳои муқаддаси таърихиву фарҳангӣ ташриф меоранд, пешбинӣ гардида, он дар оянда  ба як сарчашмаи арзишманди маънавӣ  барои наслҳои минбаъда табдил хоҳад ёфт.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМеҳмонони фахрӣ- ойнаи эҳтиром ба таъриху фарҳанг
Scroll to Top