Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона инъикоскунандаи таъриху тамаддун

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз аввалин осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он соли 1926 таъсис ёфтааст. Асосӣ ашёҳои осорхонавиро колексияи ҷамънамудаи Мирзохоҷа Собиров, маъруф бо тахаллуси “Ҳоҷӣ Антиқа” (1857-1930), ки ба ҷамъовариву ҳифзи ёдгориҳои қадим завқу рағбати афзун дошт ташкил медиҳад. Ӯ муддати тӯлонӣ дар шаҳрҳои Бокуву Тифлис, Қазону Тошканд, Бухорову Самарқанд, Қӯқанду Андиҷон, Намангон ва Исфараю Конибодом сайру саёҳат карда, ба кори гирдовариҳои ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи муҳаббат шуғл меварзад. Муҳаббату ихлос ба зодгоҳаш ӯро водор месозад, ки “ғаниматҳо”-и дар сафар ҷамъовардаашро ба зодгоҳи азизаш Хуҷанд биёварад. Аз гуфти шодравон профессор С.Ш.Марофиев бозёфтҳои Ҳоҷӣ Антиқа сабаб гардид то Осорхонаи таърихии округи шаҳри Хуҷанд, ки дар охир ба Осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони шимолӣ ва дертар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод (Суғд) бунёд гардад.

Оорхонаи таърихии вилояти Суғд аз солҳои 1992 то 2004 дар тарабхонаи Панҷшанбе фаъолият карда, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 5 – солагии ин ҷашн дарҳои худро боз карда буд.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанди бостонӣ миёнаҳои даҳаи сиюми асри гузашта қомат рост карда буд. Бинои нави осорхона солҳои 2003-2006 сохта шуда, ба қалъаи қадимаи таърихӣ якҷоя карда шуд. Намуди берунии он бо девор ва манораҳои кунҷи қалъаи шаҳри бостонӣ ҳамранг аст.

Ҳоло бошад дар осорхона шаш шуъба: аз ҷумла шуъбаи таърих, шуъбаи таърихи давраи муосир, шуъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи фонд, шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр ва шуъбаи сайёҳӣ фаъолият намуда,корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Толорҳои намоишии осорхонаба давраҳо тақсим шуда, давраи асри санг, давраи биринҷӣ, толори тамаддуни ориёӣ, толори эллинистӣ, толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва давраи Истиқлоли Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Экспозитсияи намоишии осорхона марҳилаҳои асосии таърихи халқи тоҷикро аз давраҳои қадим то замони муосир дар бар гирифта бо се намуд: айёнӣ, барелеф ва зери шиша бунёд гаштааст.

Дар маҷмӯъ дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 23 ҳазор ашёҳои таърихӣ мавҷуданд, ки ин бозёфтҳои бостоншиносӣ, мисгарӣ, ашёи рӯзгор, санъати ороишӣ-амалӣ, ҳуҷҷатҳо аксҳои инъикоскунандаи таърихро дар бар мегирад. Дар байни онҳо маҷмӯаи бозёфти нумизматики таваҷчуҳи хоса дорад.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида мебошад, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фаъолият менамояд.

Нодира Олимова - ҷонишини омир
оид ба корҳои илми 
Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МДМФТ "Қалъаи Хуҷанд"


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона инъикоскунандаи таъриху тамаддун
Scroll to Top