Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона - таърихи зиндаи ҳар миллат...

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 100 - солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои муҳими муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба шумор меравад. Ин макони фарҳангӣ на танҳо ганҷинаи осори нодири таърихист, балки фазое мебошад, ки дар он гузашта ва имрӯз бо ҳам пайванд меёбанд.

Аз соли 1992 то соли 2000 осорхона дар бинои тарабхонаи «Панҷшанбе» фаъолият намуда, бахшида ба 5-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи тамошобинон боз карда буд. Ин давра марҳилаи муҳими эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихии миллат маҳсуб меёбад.

Китоби меҳмонони осорхона шоҳиди андешаҳо ва таассуроти шахсиятҳои баландмақом ва меҳмонони зиёди хориҷӣ мебошад. Сабтҳои онҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин макони таърихӣ ба ҳар бинанда таъсири амиқ мерасонад. Аз ҷумла, соли 1997 Леонид Константинович Полежаев — губернатори вилояти Омски Федератсияи Русия, зимни боздид аз осорхона ёддошти хотирмонеро дар ин китоб сабт намудааст.

Ӯ дар навиштаи худ таъкид мекунад, ки аз куҳанбунёдии решаҳои халқи тоҷик, фарҳанги ғанӣ ва шахсиятҳои барҷастаи таърихии он ба ваҷд омадааст. Ба андешаи ӯ, боздид аз Осорхона бори дигар собит месозад, ки дӯстии байни халқҳо дорои заминаҳои амиқи таърихӣ буда, метавонад барои рушди ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона дар асри XXI ва минбаъд нақши муҳим бозад.

Ин гуна баҳои баланд аз ҷониби як шахси расмии хориҷӣ нишон медиҳад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд танҳо маҳфази ашёи қадима нест, балки мактаби зиндаи таърих, фарҳанг ва дӯстии халқҳо мебошад.

Имрӯз низ Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳамин ҷозиба меҳмононро аз гӯшаву канори ҷаҳон ба худ ҷалб намуда, таърихи пурғановат ва пурифтихори халқи тоҷикро бо ифтихор муаррифӣ менамояд.

Шовазир Муродҷони - роҳбалади Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МДМФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона - таърихи зиндаи ҳар миллат...
Scroll to Top