Бо мақсади ғанӣ гардонидани соҳаи нумизматикии фонди Осорхона ва муаррифии мероси пулӣ – таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тангаҳои хотиравиро аз Бонки милли Тоҷикистон харидорӣ намуд.
Тангаҳои мазкур ба муносибати ҷашнҳо ва рӯйдодҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар бароварда шуда, дорои арзиши баланди таърихӣ, рамзӣ ва эстетикӣ мебошанд. Онҳо аз филизҳои (метал) қимматбаҳо ва хӯлаҳои махсус сикка зада шуда, бо нақшу навиштаҷоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва тасвирҳои шахсиятҳо ё ёдгориҳои муҳими таърихӣ оро ёфтаанд.
Ба фонди Осорхона ворид гардидани ин тангаҳо имконият фароҳам меорад, ки тамошобинони ватаниву хориҷа бо марҳилаҳои рушди низоми пулии даврони истиқлол, инчунин сиёсати молиявӣ ва фарҳанги нумизматикии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.




Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тангаҳои ҷашнӣ ва хотиравиро бо мақсади гиромидошти санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии кишвар ба муомила мебарорад. Харидории ин намунаҳо як иқдоми муҳим дар самти ҳифз ва омӯзиши мероси таърихӣ ба шумор меравад.
Рост омадани харидории ин маҷмӯаи тангаҳо ба ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дорои аҳамияти рамзӣ буда, пайванди наслҳои гуногуни таърихиро таҷассум менамояд. Ин иқдом идомаи анъанаҳои илмию коллексионии осорхона буда, ба таҳкими заминаи манбаъшиносии фонди нумизматикӣ мусоидат мекунад.
Маҷмӯаи нави тангаҳо тибқи талаботи меъёрии баҳисобгирӣ ва ҳифзи ашёи осорхонавӣ сабт гардида, барои омӯзиши илмӣ ва истофода дар экспозитсия омода карда мешавад.




Исломова Сайфияхон - корманди илмии
шуъбаи давраи муосири Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”