Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Олим, мардумшинос, бостоншинос ва осорхонашинос

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
Ба ифтихори 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
 
“Мо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем ки барои устувор гардидани ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва умеди мардум ба ояндаи дурахшони мулки тоҷикон аз ҳамаи омилҳои ақлонӣ, аз ҷумла аз сабақҳои бузурги таърихӣ истифода намоем. Дар ин бобат истифодаи имкониятҳои осорхонаҳои таърихӣ хеле муфид аст”

Эмомалӣ Раҳмон

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаи худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангии ниёгон, дарки амиқи арзишҳои умумибашарӣ, ташвиқи анъанаҳои аҷдодӣ, рисолати давалатдорӣ, инкишофи оини аҷдодии тоҷикон ба мадди аввал баромад.Дар қалби шаҳрванрдон барои бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими муассисаҳои маданӣ- фарҳангӣ ба шумор меравад.

Устод Муҳиддинҷон Файзуллоев осорхонашинос, бостоншинос, мардумшинос, дотсенти факултаи таърих ва ҳуқуқи МТД Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров умри бобаракати худро дар омӯзиш ва таҳқиқ сарф намуда осори ниёгонро пекшкаши халқаш намудаанд, то ки имрӯзиён асли худро шиносанд . Худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист, ки яке аз омилҳои асосии он омӯхтани таърихи худ маҳсуб меёбад.

М.Файзуллоев баъди хатми кафедраи этнографияи факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов,дар институти таърих , бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш фаъолияти худро оғоз намудаанд. Соҳои 70 -80-90-ум дар экспедитсияи археологӣ – этнографии факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Москва ширкат варзида дониши худро дар ин соҳа мукаммал намудаанд.

Фаъолияти корию илмии М.Файзуллоев дар самти омӯхтани бозёфтҳои нодир дар осорхона боиси баланд гаштани малакаву маҳорати илмҷӯии он кас гашт . Дар бораи нигораҳои таърихӣ дар матбуотҳои даврӣ мақолаҳои илмиву оммавӣ менавиштанд. Дар конфронсҳои таърихию осорхонашиносӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои худ баромад кардаанд. Дар он давра (солҳои 70 –90ум) илми осорхонашиносӣ дар Тоҷикистон илми нав буд.

М.Файзуллоев ду маротиба барои такмили ихтисоси илми осорхонашиносӣ ба Институти Умумииттифоқии такмили ихтисоси кормандони фарҳанг дар шаҳри Москва роҳхат гирифтанд . Устод дар тартиб додани нақшаи мавзӯӣ–экспозитсионӣ ва ташкили намоишҳои экспозитсионии осорхона маҳорату малакаи хос доранд. Дар давоми фаъолияти худ дар созмон додани як қатор намоишгоҳҳои осорхонаи таърихӣ саҳм гузоштаанд. Бунёди толор бахшида ба таърихи Иҷлосия XVI уми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб , осорхонаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров , осорхонаи вилоятии варзишӣ дар азнавсозии экспозитсияи намоиши ёдгории таърихии асри XV – мадрасаи Мирраҷаб – Додхоҳи шаҳри Конибодом ҳамчун мушовири илмӣ ширкат доштанд.

Дар охири солҳои 70–ум зарурати ташкили тарзи нави намоишҳо ва экспозитсияҳо ба миён омад. Таҳти роҳбарии Марофиев С. кормандони илмӣ Дадохӯҷаев Ф., Ҳомидов А., Р.Ҳамдамова, Р.Нурмухаммедова бо донишу малакаи омӯхтаашон корҳои илмӣ тадқиқотиро ба роҳ монда нақшаи мавзӯӣ– намоиши толорҳои осорхонаро таҳия ва тасдиқ намуда ба кори навсозӣ оғоз карданд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ дар осорхона ба ҳайси мудири шӯъбаи маърифатӣ – оммавӣ оғоз карда намоишҳо созмон дода тамошобинонро дар осорхона ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватанпарастиву зебопарастӣ талқин менамуд. Оянда М.Файзуллоев фаъолияти худро дар кафедраи фанҳои ҷамъиятии Доникадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДПДТТ) ба номи акдемик М.Осимӣ ва ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар факултети таърих ва ҳуқуқ ба ҳайси омӯзгор ва баъд декани факултети таърих ва ҳуқуқ давом доданд. То имрӯз бо осорхона робитаи қавӣ доранд.

Дар шафати қалъаи қадимаи Хуҷанд соли 2006 бунёди осорхонаи таърихии вилояти Суғд як марҳилаи нав барои омӯхтани таъриху фарҳанги тоҷикон буд. Дар кори созмондиҳии экспозитсияи намоиши шӯъбаҳои таърихи давраи тоинқилобӣ ва таърихи Ҷамъияти Шуравӣ (то солҳои 60) дар қатори дигар олимон таҳти роҳбарии Марофиев С нақши устод М.Файзуллоев ниҳоят калон аст. М.Файзуллоев дар кори конфронсҳои осорхонаҳои таърихии Осиёи Миёна соли 1981 дар Бишкек, соли 1987 дар Тошканд, соли 1992 дар Теҳрон иштирок ва маърӯза карданд.

Дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон ва дар вуҷуди онҳо ҷой додани муҳаббат ба таъриху арҷгузори ба арзишҳои миллӣ нақши хеле босазо доранд. Дар созмон додани толорҳои намоишӣ ва дигар иншоотҳои Муассисаи Давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чун мушовири илмӣ фаъолона иштирок намудаанд. Аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.
Бо гуфти худи устод М.Файзуллоев: Осорхона махзанест, фарҳанги фардро, ки дар осорхона фаъолият мебарад, ривоҷ медиҳад, баланд мебардорад. Агар маърифати фарҳангии корманди осорхона аз шахси тамошобин дида коста бошад, осорхона мазмуну вазифаи асосиаш тарғиботчӣ, бедоркунандаи ҳиссиёти миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърих ва маданияти этникиро аз даст медаҳад ба тамошобин маърифати фарҳанги дода наметавонад. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва талошҳои устод дар кору дарёфт, муҳофизат ва истифодабарию тарғиби ёдгориҳои таъриху маданият ҷаҳиш ба назар расид.

Барои амалӣ намудани ин мақсад – кори осорхона ва осорхонашиносӣ робитаҳои самаранок бо марказҳои илмӣ – тадқиқотии осорхонашиносӣ экспедитсияҳои бостоншиносию мардумшиносии Пажӯҳиштгоҳи илми тадқиқотии таърихии АИ Тоҷикистон М.Файзуллоев ва кормандони музей ширкат меварзиданд.
Фаъолияти пурмаҳсули М.Файзуллоев буд, ки якумин шахс ки аз ин осорхона ба аспирантураи кафедраи этнологияи факултети таърихи Университети Давлатии Москва ба номи М В Ломоносов роҳхат гирифта рисолаи номзади илмҳои таърихро ҳимоя намуда то моҳи марти соли 1989 фаъолияти худро давом додаанд.
Аз фурсат истифода бурда ҳамаи кормандон ва собиқадорони Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” – ро бо ҷашни 100 – солагӣ табрик ва муборакбод менамоям.

А.Ҳомидов – собиқадори осорхона
омӯзгори фанни таърих,
МД “Коллеҷи санъати ба номи
С.Ҳофиз" –и шаҳри Хуҷанд Аълочии Фарҳанг,
Аълочии Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООлим, мардумшинос, бостоншинос ва осорхонашинос
Scroll to Top