Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Паёми созандагӣ – заминаи ободии Ватан

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барои соли 2026 чун ҳуҷҷати муҳим ва раҳнамо, самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян намуда ба масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободкорӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ин нуқта дар фаъолияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст, ҳоса ба аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон як дастури амалӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи ДемократииТоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шоёни таҳсин мебошад. Зеро роҳбарии собиқадори ҳизб Раиси ташкилоти ибтидоии муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов Сангинович бо ҳамкории муовини ташкилот Олимова Нодира Абдуманоновна ва котиби ташкилот Самадова Дилором Асроровна корҳои назарраси тарғиботию  ташвиқотӣ ва амалии созандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки  аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар муассисаи давлатӣ , зиёда аз 25 нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда далели эътимоди кормандони муассиса ва сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо илҳоми неруи тоза Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзоёни ҳизб дар муассисаи фарҳангӣ ба масъалаҳои  ободонии муҳити зист, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани  маърифати сиёсӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи зос зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, саҳми фаъолияти онҳо дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 100- солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  қобили зикр мебошад.

Ҳамин тавр, Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , барои соли 2026 барои аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аҳли кормандони муассисаи давлатӣ  ҳамчун раҳнамои боэътимод хизмат намуда , онҳро ба корҳои боз ҳам бештару самараноки ободкорӣ ва созандагӣ ҳидоят менамояд. Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” гувоҳи равшани он аст, ки аъзоёни ҳизб бо руҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагӣ дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин ташаббусҳои созанда, минбаъд низ пайваста  идома ёфта, бо ҷалби  неруи тоза, меҳнати содиқона ва рӯҳияи ватандӯстона ба раванди пешрафти устувор, ободкорӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Ин иқдомҳо на танҳо имрӯз, балки барои  ояндаи дурахшони наслҳои оянда низ заминаи боэтимод гузошта, роҳи рушди ҷомеаи муосир ва давлатдории миллиро боз ҳам устувор мегардонанд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПаёми созандагӣ – заминаи ободии Ватан
Scroll to Top