Санаи 21- январи соли 2026 , дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ конфронси илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Паём – меҳвари пешбарандаи ҷомеа” бо иштироки намояндагони МИҲД- и вилояти Суғд ва ҲХДТ дар вилояти Суғд, олимонуустодон, муҳаққиқон, нависандагон, донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории конфронси илмӣ баррасии нақши Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешаҳои солим дар ташаккули худшиносии миллӣ, боло бурдани сатҳи маърифати маънавии ҷомеа ва таҳкими робитаи илму фарҳанг арзёбӣ гардид.
Конфронс дар фазоӣ илмӣ ва созанда ҷараён гирифта, баромадкунандагон дар атрофи масъалаҳои муҳими ҷомеашиносӣ, фарҳанг, адабиёт ва худогоҳии миллӣ табадули афкор намуданд.
Дар ҷараёни конфронс маърӯзаи нависанда ва публитсист Додохони Эгамзод шунида шуд, ки зимни суханронии худ ба аҳамияти Паёми навбатӣ ҳамчун омили таъсиргузор ба тафаккури ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Мавсуф зикр намуд, ки паёми созанда метавонад дар рушди маънавӣ, бедории фикрӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши калидӣ бозад.



Ҳамчунин, дар конфронс суханронии Нуралӣ Нурзод- профессор, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров” шунида шуд.
Дар маърӯза таъкид шуд, ки паём на танҳо василаи иттилоот, балки рукни муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҳсоси масъулият ва худогоҳии инсон дар ҷомеаи муосир ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни конфронси илмӣ намояндагони МИҲД- вилояти Суғд ва ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда , нуқтаҳои асосии Паёми навбатиро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар суханрониҳои худ онҳо аҳамияти Паёмро ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ таъкид намуда , зикр кардаанд, ки он самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат ва тақвияти пояҳои давлатдории муайян менамояд. Дар баромадҳо инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, рушди илми муосир, истифодаи технологияҳои нав ва саҳми муассисаҳои илмиву фарҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардиданд. Дар идомаи сухан гуфта шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида масъулияти ҳар як шаҳранди кишвар буда , чунин конфронсҳои илмӣ барои шарҳу тавзеҳи амиқи мазмуну муҳтавои Паём ва татбиқи амалии он дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим доранд.



Гуфтан ба маврид аст, ки кори конфронси илмӣ ҳамчунин намояндаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуда, саҳми чунин ҳамоишро дар рушди фарҳангӣ илмӣ ва тақвияти робитаи муассисаҳои илмиву фарҳангӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми конфронс маърӯзаи Баҳром Мирсаид-дотсент, номзади илмҳои филологӣ, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ шунида шуд.
Зимни маърӯза зикр гардид, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамчун санади муҳими сиёсиву маънавӣ самтҳои асосии рушди фарҳанги миллӣ, китобдорӣ ва ҷомеаро муайян намуда, дар пешбурди сиёсати фарҳангӣ нақши муассир мебозад.
Дар ҷамъбасти конфронси илмӣ бо назардошти мулоҳиза ва пешниҳодҳои иштирокчиён натиҷагирӣ сурат гирифта, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносии ҷомеа ва тарбияи маънавии насли ҷавон мусоидат менамояд.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”