Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз Паём то амал- корҳои созандагӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон масъалаи вусъат бахшидани  корҳои ободониву созандагӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати  иҷтимоиву фарҳангии давлат таъкид гардид.  Дар ҳамин замина бо мақсади татбиқи ҳадафҳои  Паёми навбатӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашну санаҳои  мушаххас ба масъулини соҳаҳои мухталиф дода шуданд.

Зикр намуд, ки соли 2026 соли вусъат бахшидани ободкорӣ ва созандагӣ эълон гардида , дар кишвари Тоҷикистони маҳбубамон ҳамчун давраи нави рушди инфрасохтор, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ арзёбӣ гардиданд.

Дар ин раванд, таваҷҷуҳи махсус ба муассисаҳои фарҳангӣ , аз ҷумла осорхонаҳои таърихӣ равона шудааст, зеро ки онҳо оинаи таърих, тамаддун ва ҳувияти миллии халқи тоҷик ба шумор мераванд.

Ба ин хотир, дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки аҳли кормандон машвари корӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласаи мазкур, Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич- бостоншинос, профессор, доктори илмҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Гафуров иштирок намуда, вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромади муфассал ва таҳлилӣ ироа намуд.

Номбурда  зимни  суханронӣ ба нуқтаҳои калидии Паёми навбатии  Сарвари давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, нақши фарҳанг, таърих ва худшиносии миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаро таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки Паёми навбатӣ ҳамчун санади раҳнамо на танҳо самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, балки вазифаҳои ҳар як муассисаи фарҳангӣ,  аз ҷумла осорхонаҳоро низ муайян месозад.

Таъкид гардид, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар татбиқи  амалии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат мавқеи муҳим дорад. Зеро осорхонаҳои таърихӣ макони ҳифз ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллат буда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавонон саҳми назаррас  мегузоранд.

Устод Раҳимов Набиҷон иброз доштанд, ки солҳои охир дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ, таҷдиди толорҳо бо гӯшаҳои намоишӣ, ғани гардонидани фонди осорхона бо бозёфтҳои нодир, ҳамчунин ҷорӣ намудани усулҳоимуосири намоиш ва муаррифии маводҳо ба роҳ монда шудааст. Ин тадбирҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат  мутобиқат доранд.

Ҳамзамон дар баромади хеш ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба осорхона, ташкили чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ, вохӯриҳо бо муҳаққиқон, ҷалби меҳмонону сайёҳони дуру наздик ва истифодаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ба андешаи суханрон, татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад, осорхонаи таърихиро ба маркази фаъоли таърихиву фарҳангӣ ва маърифатӣ табдил диҳад.

Дар интиҳо  таъкид гардид, ки гузаштан аз Паём то амал- ин масъулияти ҳар як корманд мебошад,ки бо дарки баланди масъулият бояд фаъолияти худро  ба рушди соҳа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона созад.

Иштирокчиёни машварат  баромади устод Раҳимов Набиҷонро бо таваҷҷуҳи хоса пазируфта изҳор доштанд, ки пешниҳодҳои ироашуда дар фаъолияти минбаъдаи муассисаи мазкур мавриди татбиқ қарор дода мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 100- солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”ва ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон  як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуда истодаанд.


Сониян, Бойматов Мансур Тошматович- директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар машварати корӣ  вобаста ба шарҳу тавзеҳи  Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда , ба як қатор  масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла , таъкид гардид ,ки дар Паёми навбати баланд  бародоштани  маоши кормандони соҳаи фарҳанг ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати  иҷтимоии давлат зикр шудааст, ки ин иқдом  барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кормандон ва боло рафтани нуфузи соҳа мусоидат  менамояд. Дар идомаи баромад гуфта шуд, ки  кормандони соҳаи фарҳанг бояд масъулияти баланд  фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ва иҷрои ҳадафҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муайян гардида саҳми муносиб гузоранд.

Баъд аз баромади пурмуҳтавои устод Мансур Бойматов, корманди  муассисаи мазкур Валӣ Набизод баромад намуд ва дар бораи татбиқи Паёми навбатии Пешвои миллат дар фаъолияти муассисаи фарҳангӣ суханронӣ намуд.

Ҳадаф аз ин тадбирҳо на танҳо таҷлили ҷашни  таърихӣ, балки мутобиқ намудани фаъолияти осорхона ба талаботи  муосир ва ҷалби бештари сокинону меҳмонон ва сайёҳони дуру наздик мебошад. Аз ҷумла, корҳои таъмиру таҷдиди бинои асосии осорхонаи таърихӣ, навсозии толорҳои намоишӣ, беҳтар намудани  шароити нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир дар назар дошта шудаанд. Ҳамчунин ҳар ҳафта гузаронидани  шанбегии дастаҷамъона, сабзакорӣ, насби равшанидиҳӣ ва беҳсозии инфрасохтори  хизматрасонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни корҳои ободкориву созандагӣ, масъалаи ҳифзи  мероси таърихиву фарҳангӣ ва пешниҳод намудани онҳо ба ҷомеа бо усулҳои нави замонавӣ низ ба назар гирифта шудааст.

Инчунин  бунёди гӯшаҳои иттилоотӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва омода намудани  экспозитсияҳои муосир имкон медиҳанд, ки таърихи ғании вилояти Суғд ба наслҳои имрӯз ва оянда боз ҳам дастрасу ҷолиб гарданд.

Метавон гуфт, ки корҳои ободкориву созандагӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва дигар қисматҳои муассисаи мазкур намунаи равшани татбиқи сиёсати фарҳангпарварони давлат буда, онҳо ба рушди сайёҳӣ баланд бардоштани  сатҳи  маърифати ҷомеа ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат хоҳад кард.  

Боварӣ меравад, ки то ҷашни 100- солагии ин муассисаи фарҳангӣ ва истиқбол гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо симои наву мазмуни ғанитар дари худро ба рӯйи меҳмонон ва дӯстдорони таърих боз менамояд.

Ҳамин тариқ, дар доираи тадбирҳои ободкориву созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳои омодагӣ ба шинонидани  гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану ороишӣ, инчунин беҳсозии муҳити зист бо маром идома доранд. Ин иқдомҳо на танҳо ба зебою дилнишин гардонидани симои боғи истироҳатӣ, балки фароҳам овардани фазои солим ва мусоиди сайру гашт барои сокинону меҳмонон равона гардида, бозгӯйи сиёсати созанда ва ғамхоронаи давлату ҳукумат дар самти рушди инфрасохтори  иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа мебошанд.

Дар маҷмуъ, чунин корҳои ободкориву созандагӣ на танҳо амалҳои маънавӣ ва иҷтимоӣ, балки рамзи арҷгузорӣ ба истиқлоли  давлатӣ , таърихи пурифтихор ва мероси фарҳангии халқи тоҷик мебошанд. Ин корҳо ба мо имконият медиҳанд, ки арзишҳои миллиро эҳё ва ҳифз намоем, руҳи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷомеа тақвият диҳем.

Дар ҳамин замина, тамоми чорабиниҳои  созандагӣ ва фарҳангӣ бо руҳияи  Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамоҳанг буда, нақши муассисаҳои фарҳангиро ҳамчун тарғибгари ободии ҷомеа ва ҳимояи арзишҳои миллӣ  тақвият медиҳанд. Ҳар лаҳзаи ин фаъолиятҳо саҳмгузорӣ ба рушди устувор ва ободии кишвари маҳбуби мост ва барои  ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз пояҳои устувор хоҳад гузошт.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз Паём то амал- корҳои созандагӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top