Фарорасии ҷашни бостонии Сада яке аз куҳантарин ойинҳои мардумони ориёинажод ба шумор рафта , рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва умед ба фаровонӣ мебошад. Ин ҷашн решае дар умқи таърих дорад, имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ эҳё гардида, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Фарорасии ҷашни Сада на танҳо хотиррасонии суннатҳои ниёгон аст, балки фурсати муносибатест, барои таҳкими арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии миллат мебошад.
Агар ба таърихӣ куҳан назар афканем, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла дар “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ, Сада ҳамчун ҷашни кашфи оташ ва оғози гармӣ ёд шудааст. Бино ба ривоятҳо, Ҳушанг- шоҳи пешдорӣ, ҳангоми задани санг ба санг шарораеро мушоҳида намуда ба қудрати оташ пай бурд ва онро неъмати бузург барои зиндагии инсон эълон кард. Аз ҳамон замон афрӯхтани оташ ҳамчун рамзи ҳаёт, рушд ва пирӯзӣ бар сармо маъмул гардид.
Метавон гуфт, ки номи “Сада “ низ ба маънои “сад” рабт дода мешавад. Тибқи андешаҳои муҳаққиқон ин ҷашн панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии Наврӯзи аҷам таҷлил шуда, ҷамъан сад рӯзро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки Сада ҳамчун марҳилаи муҳим дар тақвими соҳаи кишоварзӣ ва зиндагии мардум пазируфта шудааст. Аз қадимулайём ҷашни Сада на танҳо ҷашн, балки як навъ эълони умед ба баҳор, фаровонӣ ва соли пурбаракат ба ҳисоб меравад.
Дар фарҳанги ниёгони миллати тоҷик Сада бо табиат пайвандии зич дорад. Мардумон бо афрӯхтани гулханҳо, сурудхонӣ ва анҷоми маросимҳои мардумӣ аз неруҳои табиат ёрӣ металабанд. Ин ҷашн инсонро ба ҳамоҳангӣ бо табиат , меҳнатдӯстӣ ва зиндагии дастаҷамъона ҳидоят мекунад.
Ҷашни Сада танҳо як маросими рамзӣ набуда , балки мактаби ахлоқии тарбиявӣ ва ҷаҳонбинӣ маҳсуб меёбад.
Гуфтан ҷолиб аст, ки бо гузашти асрҳо, гарчанде бархе суннатҳои ҷашни Сада камранг шуданд, лек руҳи он дар зеҳни мардум зинда монд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвари Тоҷикистони маҳбуб бо сиёсати фарҳангофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Сада мақоми шоиста пайдо намуда, ба ҷузъи муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа табдил йфтаанд. Имрӯз ҷашни Сада на танҳо ҳамчун ҷашни суннатӣ, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таҷлил мегардад.
Фарорасии ҷашни Сада имсол боз як рӯйдоди муҳими фарҳангиро дар худ ҳамроҳӣ дорад. Дар ҳамин айёми сол Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба таҷлили 100- солагии таъсисёбии худ омодагӣ мебинад. Ин осорхонаи таърихӣ яке аз қадимтарин муассисаи фарҳангиву таърихии кишвар маҳсуб ёфта, дар тӯли як аср ба ҳифз . омӯзиш ва муаррифии таърихи ғании кишвар хизмат намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада ва солгарди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар моҳияти худ ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Агар ҷашни Сада ҷашни зиндашавии табиат бошад, осорхонаи таърихӣ ганҷинаест, ки хомӯшона аз гузаштаи миллати тоҷик қисса мекунад.
Аз ин лиҳоз, таҷлили ҳамзамони ҷашнҳои миллӣ ва солгарди як асраи муассисаи фарҳангӣ моро водор месозад, ки ба гузашта эҳтиром ба имрӯз бо масъулият ва ба фардо бо умед нигарем.
Бешак, таҷлили бошукуҳи Ҷашни Сада ва 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд , ба таҳкими худогоҳии миллӣ, болоравии маърифати таърихӣ ва густариши эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мусоидат хоҳад кард. Ин ду рӯйдод ҳамчун паёми равшан ба наслҳои оянда хизмат мекунад, миллате, ки таъриху фарҳанги худро пос медорад , ҳамеша роҳи рушд ва пешрафтро хоҳад ёфт.
Валӣ Набизод- котиби марказии
ттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”