Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чиллаи зимистон - сардтарини фасли сол

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо фаро расидани фасли зимистон дар фарҳанги мардумии тоҷикон давраи махсус оғоз меёбад, ки онро чиллаи зимистонменоманд. Чилла маҳфуми куҳан дошта , аз тақвими мардумӣ сарчашма мегирад ва ба давраи хунуктарини зимистон ишора мекунад. Чиллаи зимистон аз 16- декабр то 24- январ идома ёфта, аз 25- январ то 5- март ҳилла медарояд. Баъди 20-рӯзи ҳилла аз 14-феврал то 19- феврал ҳут, аз 20-феврал то 26- феврал , чӣ тавре мардум мегӯянд, оҷиз кампир, яъне шамоли сахти тунд, пас аз 27- феврал то 1- март оби раҳмат- боришоти борон, баъдан 5- март партови сол, 6-март Арафа ( сари солӣ), 7- март соли нав, фасли Наврӯзӣ оғоз мегардад. 

Гуфтан ба маврид аст, ки мардум чиллаи зимистонро бо анъанаҳои қадим истиқбол мегиранд. Дар ин муддати сарди  барои таъмини гармӣ ва ҳифзи саломатӣ мардум сандалӣ ва бухориҳоро омода мекунанд ва ба хӯрокҳои гарму серғизо рӯй меоваранд.  Дар гузашта аз ин шабҳои тӯлонии чиллаи зимистон аъзоҳои оила дар гирди сандалӣ ҷамъ омада, калонсолон хуб медонанд, қиссаҳо, афсонаҳо ва таҷрибаҳои рӯзгорро ба ҳам нақл мекунанд. Лек, имрӯз шароит пешрафти тараққиёти техникаи муосири замон зиндагии мардум тағийр ёфтааст, ки маҳфуми чиллаи зимистон ҳамоно дар забон ва тафаккури мардум боқӣ мондаасту халос.

Маврид зикр аст, ки чиллаи зимистон ба инсонҳо ёдрас мекунад, ки табиат қонунҳои худро дорад ва пас аз сармои шадид , ҳатман гармии фасли баҳор медарояд.

Дар чиллаи зимистон бо боридани барф ҳаду канори хурсандии кӯдакон дар ин давраи таътили зимистона бо барфбозӣ, яхмолакбозӣ ва сохтани одамчаҳои барфӣ машғул мешаванд.  Ҳамзамон мардум бо мақсади мутобиқ шудан ба сардии зимистон либосҳои сабуктарро бо сару либоси гарм иваз намуда барои ҳифзи саломатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки чиллаи зимистон на танҳо давраи сардиҳои шадид, балки рамзи  мутобиқшавӣ ба табиат ва ҳамдилии байни мардум мебошад. Ин анъанаи қадимӣ ба наслҳои имрӯз ҳам маънавият ва сабру устувориро меомӯзонад. Бо фарорасии фасли зимистон, мардуми тоҷик ин давраро бо эҳтиром ва шодмонӣ истиқбол мегиранд, зеро зимистон баёнгари марҳилаи нави сол ва фарорасии табиат  ба як давраи ором ва пур аз умед аст. Дар ин мавсими сардии зимистон мардум бештар ба оила ва наздиконашон рӯ меоваранд ва ба қадри гармии хона ва меҳрубонии аҳли оила мерасанд. Ҳамчунин фасли зимистон дар фарҳанги тоҷикон рамзҳои зиёде дорад, ки барф покӣ ва сулҳро ифода мекунад ва маҳсулоти захираи зимистона, ки бо заҳмату меҳнат ба сари дастурхон пешкаш мешавад, қадраш баландтар мегардад. Ин давра барои мардум  ҳаёти серҳаракат оромӣ пайдо мекунонад, зеро ки бо аҳли оила ва наздиконашон вақти хуш ва омодагӣ ба соли навро ба таври маънавӣ ва моддӣ анҷом диҳанд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧиллаи зимистон - сардтарини фасли сол
Scroll to Top