Санаи 23-уми декабри соли 2025 дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба муносибати ҷашнӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз” баргузор гардид.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси шуъбаи таърихи давраи муосири муассисаи мазкур ташкил шуда, дар он дастовардҳои беназири соҳаи маориф ва ҷавонони болаёқат ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар намоиш комёбиҳои толибилмони макотиби таҳсилоти умуми шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, инчунин ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамент ва мактаби ба номи А.П. Чехов муаррифӣ гардиданд.


Қобили зикр аст, ки толибилмони мазкур дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар солҳои сипаришуда фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷоизаҳо гардиданд. Ҳамзамон дар намоиш дастовардҳои омӯзгорони сол, гирандагони стипендияҳои раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин кубокҳо ва медалҳои варзишӣ, ки ба тамошо гузошта шуда буданд, аз ҷониби роҳбаладони муассиса муаррифӣ гардиданд.
Маросим ифтитоҳи намоиши мазкурро бо сухани ифтитоҳии Иброҳим Иброҳимов- омири кулли Муассисаи давлвтии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оғоз намуда , иштирокчиён ва меҳмононро ба ин макони таърихию фарҳангӣ хайру мақдам гуфтанд.
Сипас, бо иштироки намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, лентаи рамзии намоиши мазкур бурида шуда, чорабинии намоишӣ расман оғоз ёфт.


Дар ҳамоиши мазкур намояндагони васоити омма, устодон ва омӯзгорони пешқадам , хонандагону толибилмон ва меҳмонони сершумор иштирок намуданд.
Гуфта метавон, ки намоиши “Дониш талабу бузурги омӯз” бозгӯи он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф пайваста рушд ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин гуна ташаббусҳо дар тарбияи кадрҳои болаёқатманд, соҳибкасб ва ватандӯст нақши муҳим дошта ба ташаккули насли худшинос, бофарҳанг ва масъулиятшинос мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ чунин чорабиниҳо ҳамчун замимаи устувор ба сиёсати давлатӣ дар самти маориф хизмат карда, барои пешрафти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аҳамияти хоса дорад.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”