Бо фаро расидани фасли зимистон ва паст шудани ҳарорати ҳаво, нигоҳдории гулҳои ороишӣ дар хиёбонҳову гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд, бахусус дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки гулҳои рангоранг аз ҷониби боғбонон дар майдончаҳои боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ шинонида шудаанд, ба таъсири мустақими сардиҳои мавсимии зимистона рӯ ба рӯ гаштаанд. Ба гуфтаи Абдусалом Қурбонзода – директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сабзкорию ободонӣ, гулҳои мавсимӣ, аз қабили петуния, виола, калндуля ва дигар навъҳои гулҳои ороишӣ, бештар ба пастшавии ҳарорати ҳаво каме ҳассостар мебошанд. Дар рӯзҳои охир тибқи пешгӯиҳои иидораи обусанҷи вилоят, ҳарорати ҳаво шабона паст шуда, бар асари ин қисми муайяни гулҳои рангоранг осеб дида, рангу таровати худро аз даст медиҳанд.

Бо вуҷуди паст шудани ҳарорати ҳаво, боғбонон барои коҳиш додани таъсири сардиҳо ба гулҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд- гуфт сарвари боғи истироҳатӣ дар суҳбати кӯтоҳ ва афзуд , ки тамоми имкониятҳо барои нигоҳдории онҳо сафар гардиданд.
Пӯшонидани гулҳо бо маводи махсус, нармкунии хок, истифодаи нуриҳои табиӣ ва дигаре аз ҷумлаи чунин чораҳо ба ҳисоб мераванд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки қисми зиёди гулҳо то фарорасии фасли баҳор ҳифз гарданд.

Албатта, сокинону меҳмонони дуру наздик аз зебогии ин мавзеъҳои нотакрор изҳори қаноатмандӣ менамоянд ва меҳнату заҳмати боғбононро баланд арзёбӣ мекунанд. Ҳатто дар фасли зимистон низ ҳузури гулҳои рангоранг ба боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ ҳусни хоса мебахшад ва руҳияи мардумро болида месозад.
Боғбонони ботаҷриба таъкид менамоянд, ки корҳои ободонӣ дар мавзеъҳои муассисаи фарҳангию таърихӣ пайваста идома дошта бо фаро расидани мавсими баҳор гулҳои нав ва ниҳолҳои ороиши бештар шинонида хоҳад шуд. Яъне боғбонон мекӯшанд, ки бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ зебогиро ҳатто дар сардии зимистон ҳифз намоянд.
Мақсад аз ин тадбирҳо нигоҳдории симои зебои боғи фарҳангӣ вақалъаи таърихӣ фароҳам овардани муҳити мусоиди истироҳат барои шаҳрвандон ва пайваста корҳои ободонӣ идома хоҳад ёфт - гуфт Абдусалом Қурбонзода.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”