Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зери нафаси шамоли дарёи Сайҳун

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар фасли сол симои худро дорад, вале мавсими сардии зимистон гӯё ҳукмронест, ки шаҳру хиёбонҳо ва боғҳои истироҳатиро ба хомӯшӣ ва оромӣ водор месозад.

Ҳавои сард шамоли тунд саросемавор мевазад ва тамоми мардум дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ , зери нафаси шамоли дарёи Сайҳун рафтуомаду гаштугузорашон ҳаргиз кам намегардад. Бале, дар чунин шабу рӯзҳои фасли зимистон боғи истироҳатӣ симои дигар ба худ мегирад, яъне ором, сап-сафед пур аз барф ва пур аз хаёлҳои умедбахши ҳаёт, ҳукмронии зимистон на танҳо оғози фасли сарди сол аст, балки даъват ба тафаккур ва эҳсос кардани зебоиҳои ночизи зиндагӣ мебошанд.

Дар миёни ин оромӣ ҳар қадам дар боғи фароғатӣ маънои наверо ба худ касб мекунад ,  ҳар нафас бо ҳисси пурраи фасли сардӣ таслиму ҳамоҳангсоз ва мавсими зимистон ҳукмрони мекунад, ки моҳҳои гармии форами тобистон кайҳо пушти сар шудаанд. Акнун шамоли сард аз қуллаҳои кӯҳи Мевағул ба доманҳои шаҳри Хучанди бостонии бо воситаи дарёи Сайҳун мефарояд ва шаҳри зебои офтобӣ либоси тирамоҳиро пурра ба замин гузошта ба оғӯши фасли зимистон ворид мегардад.

Дар роҳраву кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳр , ки то дирӯз садои даводави кӯдакон ва бахусус навоҳои мусиқии фаввораҳои боғи фароғатӣ баланд буд, акнун хомӯшу оромӣ ҳукмрон аст. Баргҳои зарди дарахтон мисли хотираҳои тобистон кайҳо зери пой рӯйи замин хобиданд. Ҳаво хело сард, вале ором аст, гӯё табиат худ дар хаёли тафаккур фурӯ рафта бошад. Сардиҳои ҳаво шамоли тунди хунук одамонро аз сайру гашти истироҳатӣ боз медорад. Курсиҳои боғи фароғатӣ, ки замоне дар зери дарахтони маҷнунбед аз ҷуфтҳои ошиқону кӯдакони даводав буданд, холӣ монданд, ки гӯё худи боғи фароғатӣ низ ба хоби зимистона рафта бошад.

Вале ҳар касе, ки дар ин фасли зимистон ба боғи фарҳангӣ қадам мезанад, ҳаловати дигареро эҳсос мекунад. Аз миёни шохаҳои бараҳнаи дарахтони баргрехта манзараи осмони хира кушода аст. Обҳои фаввораҳо хомӯш тапиш надоранд, дар зери нурҳои хираи сафеди офтоб оромии фалсафӣ мебахшад. Фасли зимистон, ҳоло ҳукмфармост, на танҳо сардиву хомӯширо меорад, балки вақт барои андешаву оромӣ ва бозгашт ба гарми фароҳам месозад. Шояд ҳамин сабаб аст, ки гарчанде гашту гузор дар боғи фароғатӣ кам мегардад, лек ҳар қадам , ҳар нафас дар ин фасли нозанин пурмаънотар менамояд.

Вақте ки барфи нахустин ба ин сарзамин менишинад ва қадамҳои сокинону меҳмонон зери он садо медиҳад, Хуҷанди бостонӣ боз як симои тоза мегирад, сап- сафед, пок ва оромӣ. Лек, дар миёни ин покӣ пайкараи шоири бузург- Шайх Камоли Хуҷандӣ хомӯшона ба сӯйи осмон менигарад, гӯё худ низ шоҳиди гузаштаи фаслҳои сол ва даврони инсонӣ бошад.

Воқеан, фасли зимистон бо сардии худ ва оромӣ , на танҳо шаҳр ва боғҳоро ба хомӯшӣ даъват мекунад, балки фазои бароҳат ва андеша фароҳам меоварад. Гарчанде ки гаштугузори мардум дар боғи фарҳангӣ кам мегардад, ҳар қадам дар ин фасл пурмазмун ва ҳаётӣ мебошад. Сардии фасли зимистон моро огоҳ  мекунад, ки оромиро эҳсос кунем, ба нозукиҳои табиат назар афканем ва арзиши фаслҳоро дарк намоем, чунки ҳукмронии фасли зимистон дар ҳар лаҳзаҳои худ зебогиву фалсафаи зиндагиро бо ҳам мепайвандад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗери нафаси шамоли дарёи Сайҳун
Scroll to Top