Санаи 16-декабри соли 2025 , дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки роҳбарият ва аҳли кормандон ҷаласаи муҳими сиёсиву маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни он Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ карор дода шуд.
Зимни ҷамъомад таъкид гардид , ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳанг ва сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои фаъолияти минбаъдаи ҳар як соҳа раҳнамо ба ҳисоб меравад.


Иштирокчиёни ҷаласа аз нуқтаҳои муҳими Паём, аз ҷумла рушди соҳаи фарҳанг, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони муассисаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд. Инчунин дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз амалӣ карда шавад. Таъкид шуд, ки Наврӯз ҷашни куҳани ниёгон буда , таърихи беш аз 6000- сола дорад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар буда , ҳифзи анъанаҳо ва фарҳангӣ миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз барои рушди ҷомеа ва тавсеаи ҳамкории байналмиллаӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ ҳуқуқии ҷомеа соли 2027 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, ки ин иқдом барои таҳкими қонуният, эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандон аҳамияти хос дорад.
Ҳамзамон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯй овардани ҷавонон ба илму дониш, касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки тарбияи насли босавод, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии васеъ омили асосии рушди устувори давлат ва ҷомеа ба шумор меравад.


Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки аз санаи 01-уми соли 2026 минҷумла, маоши кормандони соҳаи фарҳанг ба миқдори 20 % баланд бардошта мешавад, ки ин иқдом барои беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии кормандони соҳа ва ҳавасмандгардонии фаъолияти онҳо равона гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2026 вусъати тоза бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат иброз доштанд , минбаъд аҳли кормандон бо масъулияти баланд барои рушди соҳаи фарҳанг ва муаррифии таърихӣпурғановати миллати тоҷик фаъолият хоҳанд кард.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”