Ишоотҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон ин оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд»,«Сангтӯда 1ва 2» мебошад, ки комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта истодааст. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Неругоҳи барқии обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти энергетикии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин неругоҳ дар рӯди Вахш, дар ҳудуди ноҳияи Роғун, тақрибан 110 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.

Лоиҳаи НБО «Роғун» ҳанӯз дар солҳои замони Шӯравӣ таҳия шуда буд, аммо сохтмони он пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо суръати нав идома ёфт.
Сохтмони фаъолонаи неругоҳ аз соли 2008 оғоз гардида, 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд. Агрегати якум соли 2018 ва агрегати дуюм соли 2019 ба истифода дода шуд.
Баландии садди «Роғун» 335 метрро ташкил медиҳад, ки он баландтарин садди неругоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бо пурра ба кор даромадани ҳамаи шаш агрегат, иқтидори умумии неругоҳ то 3600 мегаватт мерасад.
НБО «Роғун» барои рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон ва зиёд намудани ҳаҷми содиротии неруи барқ аҳамияти бузург дорад. Ин неругоҳ инчунин барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои саноатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Имрӯз НБО «Роғун» ҳамчун рамзи офаринандагӣ, иттиҳоду ҳамбастагии миллат ва дастоварди муҳими даврони истиқлолияти Тоҷикистон шинохта мешавад.


Либоси кории кормандони Неругоҳи барқии обии «Роғун» яке аз унсурҳои асосии бехатарии меҳнат ва интизоми истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад. Он тибқи стандартҳои байналмилалии ҳифзи меҳнат ва талаботи махсуси муҳити кӯҳию гидротехникӣ таҳия ва истифода мешавад. Ба маҷмӯи либоси корӣ одатан ин ашё дохил мешаванд: кулоҳи муҳофизатӣ (каска), либоси махсуси зиддинамӣ ва зиддисардӣ, пойафзоли муҳофизатӣ бо қафаси металлӣ, дастпӯшакҳо,айнакҳои муҳофизатӣ, ҷомаҳои инъикоскунандаи рӯшноӣ.
Дар толори намоишгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мавзӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол аксҳо аз рафти корҳои сохтмонӣ, ба истифода додани агрегат ва сару либоси кории кормандони НБО «Роғун» ба намоиш гузошта шудааст.
Муродҷони Шовазир – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд